Портал:Рӯйдодҳои кунунӣ/Сархати хабарҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сархати хабарҳо (ДиданБаҳсВироишПешниҳоди иловаи рӯйдод)
Мавзуъоти муҳим
Шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 29 миллион нафар расид
КМИР-и Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард
Тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм баргузур гардид
Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29 солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид


сентябри соли 2020[вироиш]

  • 16 сентябри соли 2020 Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон ба беш аз 29 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти ‌кам 933 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 21 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.[1]
  • 15 сентябри соли 2020 Расман ба иттилои Вазорати тандурустии ҶТ, аз 30 апрел то 15 сентябри с. 2020 9 ҳазору 129 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор шуда, аз ин 7 ҳазору 896 нафар ё 86,4%-и беморон шифо ёфтанд, теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ ба 73 нафар расид.[2]
  • 14 сентябри соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Қарори Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.[3]
  • 12 сентябри соли 2020 /АМИТ «Ховар»/ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд. Дар ин мавзеи бостонӣ муаррифии Рамзи Саразм, бо баландии 27 метр, Дарвозаи Саразм, Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Саразм бо иштироки Пешвои миллат сурат гирифт.[4]
  • 11 сентябри соли 2020 Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни 90-солагии худ дар ҳаҷми 90 саҳифа ба нашр расид.[5]
  • 8 сентябри соли 2020 Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон [6]

Эзоҳ[вироиш]


Дар «Викиахбор» ҳама метавонад хабар, фотогузориш ва мусоҳибаи худро ҷой диҳад. Бо мо бипайвандед!