Принтер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Принтери лазерии HP LaserJet 4100TH

Чопгар (printer - принтер) дастгоҳест, ки барои дар коғаз чоп намудани иттилоот хизмат мерасонад. Ба воситаи чопгар на танҳо иттилооти матнӣ, балки графикиро низ хориҷ намудан мумкин аст. Чопгарҳо низ ба мисли мониторҳо иттилооти тасвиршавандаро ҳам дар намуди ранга ва ҳам сиёҳу сафед хорич карда метавонанд. Чопгарҳои ранга аз чопгарҳои муқаррарй қиматтаранд. Чопгарҳо вобаста аз тарзи корашон матритсавй, сиёҳу сафед хориҷ карда метавонанд. Чопгарҳои ранга аз чопгарҳои муқаррарй қиматтаранд. Чопгарҳо вобаста аз тарзи корашон матритсавӣ, рангпошанда ва лазерй мешаванд.

Чопгари матритсавӣ солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90- уми асри гузашта аз ҳама чопгари паҳнгаштатарин ба хисоб мерафт. Сифати чопи он нисбат ба чопгарҳои навъи дигар паст буда, хангоми чопкунй вай садои баланд мебарорад. Азбаски нархи он аз дигар намуд чопгарҳо арзонтар аст, бинобар он ин чопгарро то ҳоло дар баъзе корхонаву муассисаҳо вохӯрдан мумкин аст.

Принсипи кори ин чопгар чунин аст: қисми чопкунандаи он, ки аз қатори сӯзанчаҳои борики металлии ба таври амудӣ ҷойгирбуда иборат аст, бо самти сатри чопшаванда ҳаракат менамояд. Дар вақти зарурӣ сӯзанчаҳо аз болои лентаи ранг ба қоғаз зарба мезананд ва ташаккулёбии аломату тасвирҳоро таъмин менамоянд.

Намудҳои принтер[вироиш]

  • принтери лазерӣ
  • принтери ранга
  • принтери сиёҳу сафед



Компонентҳои компютер

Асосӣ: блоки системавӣ | монитор | асбоби дохилкунӣ-хориҷкунӣ
Қисмҳои асосии блоки системавӣ: модар тахта | протсессори марказӣ | хотираи оперативӣ | Хотираи берунии компютер | ҳофиза | тахтаи графикӣ | тахтаи овозӣ | тахтаи шабакавӣ | система хунуккунӣ
Қисмҳои иловагӣ: дискрон | стриммер | ҳаракатовари оптикӣ | CD-ROM | DVD-ROM | SCSI-контроллер | TV-тюнер
Периферия (қисмҳои беруна): чопгар | сканер | графопостроитель (плоттер) | модем | микрофон | акустика | ИБП
Асбобҳои дохилкунии маълумот: саҳфаи калид | муш | қалами шабакавӣ | ҷойстик | планшети графикӣ | тачпад