Профессор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.
профессор Намоз Ҳотамов

Профессор (лотинӣ: professorомӯзгор) — Унвони илмӣ ва вазифаи хизматии омӯзгорӣ дар муассисаи олии касбии таълимӣ ё, ки ходими илмӣ дар пажӯҳишгоҳи (институти) илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Унвон бори аввал дар асри XVI дар донишгоҳи Оксфорд мавриди истифода қарор гирифтааст.[1]

Дар Тоҷикистон[вироиш]

Мувофики Санадҳои меъѐрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби олӣ унвонҳои илмии профессор ва дотсент муқаррар карда мешавад. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки маъмулан дараҷаи илмии доктори илм дошта, дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ корҳои омӯзгорӣ, илмӣ ва методӣ мебарад.[2]

Донистаниҳои ҷолиб[вироиш]

Дар Испания (исп. Profesor), Португалия, Франсия (фр. Professeur) ва Америкаи Лотинӣ вожаи «профессор» - нисбати ҳамаи омӯзгорони мактаб, донишкада, мактаби техникӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, коллеҷу донишгоҳҳо истифода мебаранд. «Профессор» инчунин, номгузории омӯзгори мактаби ибтидоӣ ва миёна аст. Аммо, агар ӯ дар донишгоҳ дарс диҳад, омӯзгорро "профессори донишгоҳ" меноманд. Мудири кафедраро - "профессори кафедра". Дар Испания ва Португалия омӯзгорони донишгоҳро танҳо "профессор" ном мебаранд.[3]

Манобеъ[вироиш]

  1. Профессор — Большой Энциклопедический словарь. 2000.
  2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣМоддаи 28/2. Унвонҳои илмӣ
  3. Профессор — Википедиаи русӣ