Jump to content

Пудрат оид ба сохтмони асосӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пудрат оид ба сохтмони асосӣ - намуди шартномаи ҳуқуқи гражданӣ. Мувофиқи ин шартнома пудратчӣ вазифадор мешавад дар муҳлати муқаррарнамудаи шартнома тибқи супориши фармоишгар иншооти муайян ё дигар корҳои сохтмонро анҷом диҳад ва фармоишгар уҳдадор мешавад барои пудратчӣ ҷиҳати иҷрои кор шароити зарурӣ фароҳам оварад, корро қабул кунад ва ба он нархи қайду шартшударо пардозад (қ.1 м. 755).[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 387