Пурбаҳои Ҷомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Пури Баҳои Ҷомӣ)
Пурбаҳои Ҷомӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1299
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Пурбаҳои Ҷомӣ (форсӣ: پوربهای جامی‎; тахаллусҳояш «Баҳо», «Пури Баҳо»; Турбатиҷом, устони Хуросони Разавӣ1299) — шоир, нависанда, ориф ва донишманди форс-тоҷики хуросонӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар асрҳои 13—14 умр ба cap бурдааст. Аҷдодаш аз вилояти Ҷом буда, мансаби қозигӣ доштаанд, вале Пури Баҳои Ҷомӣ ба ин касб дил надода, бештари умрашро дар Ҳирот ба таълифи осори адабӣ сарф кардааст. Пури Баҳои Ҷомӣ бо хонадони вазири муғулон Ҷувайнӣ қаробат дошт ва дар васфи Шамсуддини Соҳибдевон қасидае гуфтааст, ки он бо номи «Қасидаи муғулия» машҳур аст. Пури Баҳои Ҷомӣ бо шо­ири ҳамзамонаш—Ҳумоми Табрезӣ мушоира кардааст. Дар тазкираҳо ва асарҳои таърихӣ («Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшод, «Таърихи гузида»-и Ҳамдуллоҳи Муставфӣ. «Таърихи Вассоф»-и Вассоф) Пури Баҳои Ҷомӣ шоири номӣ ва пурмаҳсули соҳибдевон зикр гардидааст, вале аз осори ӯ то замони мо якчанд порчаи қасидаҳояш, ғазалу қитъаҳо ва байтҳои пароканда боқӣ мондаанд. Аксари шеърҳои боқимондаи Пури Баҳои Ҷомӣ аз шоири ҳаҷвнавис будани ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Дар чанде аз шеърҳояш ишқу муҳаббат, майгусорӣ, хушиҳои зиндагӣ ва ғайраро тараннум намудааст. Порчаи зерин намунае аз осори Пури Баҳои Ҷомӣ аст:

Шукр эзидро, ки то ман будаам,
Озу хирсам як замон ранҷа накард.
Ҳеҷ кас аз ман шабе ғамгин нахуфт,
Ҳеҷ нас рӯзе набуд аз ман ба дард.
Аз тамаъ харгиз надодам пушт хам,
В-аз ҳасад ҳаргиз накардам рӯй зард.
Ҳеч дардеро набудам ман сабаб.
Балки будам ҷумларо дармони дард…

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пури Баҳои Ҷомӣ / М. Диловаров // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).