Раводид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раводидҳои Лаос, Таиланд ва Шри-ланка

Раводид, ё виза (фр. visa[1]) — гувоҳе аст, ки нишон медиҳад дорандаи он иҷозаи гузар аз як кишвар, ё вуруд ба як кишварро дорад. Раводид маъмулан дорои маҳдудиятҳое барои афроди хориҷӣ аст, ки ба хоки як кишвар ворид мешаванд. Ин маҳдудиятҳо шомили замон мондан, шумори рафтуомад ба хоки он кишвар ё ҳаққи кор дар кишвари мавриди назар аст.

Раводид бештар ба иҷозаи вуруд ба як кишвар марбут мешавад. Дар бархе аз кишварҳо, раводид бо иҷозаномаи расмии мондану иқомат дар онҳо мутафовит аст. Дар ҳар маврид, раводид тавассути афсари муҳоҷират дар ҳангоми вуруд таъйид мешавад ва дар ҳар замон метавонад лағв шавад. Маъмулан раводид ба сурати барчасб ё муҳр бар рӯйи коғазҳои марбута дар гузарномаи ашхос, часбонда ё зада мешавад.

Ба таври куллӣ метавон раводидро дарбардорандаи ҳадафи сафар, муддати иқомат ва муҳлати вуруд ба кишвари мақсад донист[2].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. виза. Викисловарь(пайванди дастнорас — таърих).
  2. شکیبا خندان. ویزا و انواع آن(форсӣ). fa. 12 Январ 2023 санҷида шуд.