Радиолокатсия
Радиолока́тсия (аз радио… ва лот. locatio — ҷойгир кардан) — соҳаи илму техника, ки бо истифодаи усулҳои раидотехникӣ дар мушоҳидаи объектҳои гуногун (ёфтан, дарк намудан, муайян кардани мавқеъ ва дигар параметрҳои онҳо) машғул аст.
Мафҳум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мафҳуми «радиолокатсия» худи просесси мушоҳидаи радиолокатсиониро низ ифода мекунад. Радиолокатсия вазифаҳои худро бо ёрии стансияҳои радиолокатсионӣ (СРЛ)-и ҷудогона ва системаҳои радиолокатсионии мураккаб ба иҷро мерасонад. Радионавигатсия бо радиолокатсия робитаи зич дошта, аксаран усулҳои кору аппаратураҳои онҳо амалан аз зам фарқ надоранд.
Радиолокатсия яке аз равияҳои муҳимтарини радиоэлектроникаи замонавӣ мебошад. Барои мушоҳидаҳои радиолокатсионӣ радиомавҷҳо ва мавҷҳои садоӣ аз монеа (объект) аксгашта истифода мешаванд. Мавҷҳо тавассути антеннаҳои махсус ба сӯи объект ирсол ва ҳангоми аз он баргаштан қабул карда мешаванд. Дар асоси мавҷдои баргашта мавқеи объектро муайян кардан мумкин аст. Масофа аз СРЛ то объект D — с • t (с = 300 000 км/ сон — суръати радиомавҷҳо, t — фосилаи вақти то объект рафтану омадани мавҷ) мебошад. Аз усулҳои радиолокатсия дар дар гуна шароити боду ҳаво ва дар лаҳзаи дилхоҳи вақт истифода бурдан мумкин аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳодисаи аз ягон монеа инъикос гардидани радиомавҷҳоро аввалин бор Г. Ҳертс солҳои 1886—1989 мушоҳида карда буд. Соли 1897 А. С. Попов таъсири киштиеро (ки роҳи радиомавҷҳоро бурида мегузашт) ба паҳншавии радиомавҷҳо ба қайд гирифт. Радиолокатсияро минбаъд инженери немис К. Хюлсмайер, инженерони америкоӣ А. Тейлор ва Л. Юнг, олимони англис Г. Брейт ва М. Тюв, олимони советӣ М. М. Лобанов, Ю. К. Коровин ва П. К. Ошенков, Д. С. Стогов, В. А. Котелников ва дигарон ривоҷ доданд. Пайдоиши техникаи ракетӣ ва кайҳонӣ (солҳои 50—60 садаи XX) вазифаҳои радиолокатсияро васеътар ва мураккабтар гардонд. Сохтани ракета ва аппаратҳои париши кайҳонӣ (АПК) зарурати ченкунии дақиқи траектория ва параметрҳои ҳаракати онҳо (ба мақсади идоракунии онҳо), пешбинӣ кардани траекторияи нишасти саҳеҳи АПК (ба сатҳи Замин ё сайёраи дигар), чег кардани мавқеи тарафайни АПК ва ғайраро ба миён овард. Яке аз комёбиҳои радиолокатсия қалли масъалаи ҷустуҷӯ, наздиккунӣ ва ба ҳам қӯш кардани ду АПК мебошад. Радиолокатсияи сайёравӣ, ки соҳаи муҳими татбиқи радиолокатсия аст, имконият медиҳад масофа бо роҳи қабули радиосигналҳои аз сатҳи сайёра аксгашта саҳеҳ чен карда, параметрҳои мадори сайёраҳо аниқ, даври гардтши онҳо муайян ва релефи сатҳи сайёраҳо мушоҳида карда шавад. Дар СССР радиолокатсия и Зӯҳра, Аторуд, Миррих ва Муштарӣ солҳои 1961—1963 аз тарафи гурӯҳи олимон бо роҳбарии В. А. Котелников гузаронда шуд. Радиолокатсия дар вақти сохтани системаҳои ҳимоя аз зарбаи ракета бояд вазифаҳои мураккаберо доир ба нобуд кардани ракетаҳои душман (аз он ҷумла ошкор намудану ба сӯи онҳо бурдани ракетаҳои ракетазан) ба иҷро расонад.
Муҳимтарин принсип ва методҳои радиолокатсия ба дурии амали СРЛ, чен кардани дурӣ, пеленгатсия, ҳимоя аз халалҳои пассив (методи селексияи ҳадафҳои мутаҳаррин), тафриқаи ҳадафҳо (методи мушоҳидаи паҳлӯӣ) алоқаманд мебошанд.
Дурии объектро аз рӯи сигналҳои инъикосшуда одатан бо ду усул чен мекунанд. Усули якум (импулси) ба чен кардани фосилаи вақти таъхири импулси аз объект инъикосшуда нисбат ба импулси афкандашуда асос мекунад. Асоси усули дуюмро мушоҳидаи интерференсияи ду мавҷи бефосилае, ки ба афканишоти ба объект фиристошудаву аз он инъикосшуда алоқаманданд, ташкил медиҳад. Пеленгатси я и объектҳоро ҳангоми аз як пункт мушоҳида кардану дар пунктҳои гуногун қабул намудани сигналҳо ба амал овардан мумкин аст. Дар таҷҳизоти радиолокатсионие, ки дар як пункт воқеъ мебошанд, пеленгатсия бо роҳи муқоисаи амплитудаи сигналҳо ба вуқӯъ меояд. Дар ҳолати оддитарин (дангоми ду вазъияти диаграммаи антеннаи самтнок) муқоиса кардани амплитудаи сигналҳои аз объект оянда кофист дар ин ҳол аз рӯи ба ном сигнали хато) ба бузургӣ ва аломати тамоили самти сигналӣ ба объект раванда нисбат ба сигнали мустақим (ки сигнали хатоӣ он баробари сифр аст) баҳо додан мумкин. Методи мушоҳидаи паҳлӯӣ барои картографияи маҳал истифода мешавад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Теоретические основы радиолокации, под ред. Я. Д. Ширмана, М., 1970.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.