Jump to content

Радиоспектроскопия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Радиоспектроскопия — усулҳои тадқиқи сохти модда, инчунин равандҳои физикӣ ва химиявии дар онҳо баамалояндаест, ки ба фурӯбурди резонансии радиомавҷҳо асос ёфтааст.

Радиоспектроскопия моддаро дар ҳолатҳои сахт, моеъ ва газшакл меомӯзад. Радиоспектроскопия аз спектроскопияи оптикӣ, спектро­скопияи инфрасурх ва успектроскопияи мёссбауэрӣ бо энергияи фурӯбурди ночиз фарқ мекунад.

Соҳаҳои радиоспектроскопия аз инҳо иборат аст:

  • Резонанси магнитии ядро (РМЯ) фурӯбурди резонансии радиомавҷҳоест, ки дар асоси гузаришҳои байни савияҳои энергетикӣ ба амал меояд.
  • Резонанси парамагнитии электронӣ (РПЭ), фурӯбурди резонансии радиомавҷҳост ва боиси он гузариши байни савияҳоест, ки дар натиҷаи ба майдони магнитии беруна таъсир расондани моментҳои магнитии электронҳои ноҷуфти атом, ион ва радикалҳои озод, инчунин моментҳои магнитии ҳомилони ҷараён (ки онҳо дар ме­талл ва нимноқилҳо мавҷуданд) пайдо мешавад.
  • Басомади РПЭ ба майдони магнитии беруна мутаносиб аст.
  • Резонанси сиклотронӣ (РС) ҳангоми бо басомади сиклотронии ҳомилони ҷараён мувофиқ омадани басомади мавҷ дар металл ва  нимноқилҳои дар гузошташуда ба  майдони м агнитии Н гузошташуда ба амал меояд. Сабаби пайдоиши РС гузариши байни савияҳои мадории электронҳои ноқил мебошад, ки он дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии электроннию майдони магнитӣ Н ба вуқӯъ мепайвандад. Спектри РС дар металлҳо бо спектри энергетикии электронҳои ноқил, нимноқилҳо, структураи қитъавӣ, консентратсия ва дигар параметрҳои электрон ва сӯрохиҳо муайян карда мешавад.

Дар муҳитҳои магниттанзим фурӯбурди резонанси радиомавҷҳое мушоҳида мешавад, ки бо ҳаракати муттафиқонаи моментҳои магинтии электронҳо алоқаманд аст.

Методҳои  Радиоспектроскопия ҳамчунин барои бефосила назорат кардани просессҳои технологӣ, бунёд кардани эта­лонҳот басомаду вақт, стабилизаторҳот ҷараёни баландбасомад ва монанди инҳо истифода мешаванд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]