Рамзи Китоб дар шаҳри Панҷакент
«Рамзи китоб» дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузошта шудааст, ки тайи чанд сол инҷониб бо ташаббуси маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои ҷомеа баргузор гардидаву ба озмуни миллӣ табдил ёфтааст. [1]
Сохтмон
[вироиш | вироиши манбаъ]Cоли 2021 дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд муҷассамаи «Рамзи китоб» бо баландии 14 метр бунёд шуд.
«Рамзи Китоб» бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент қомат хоҳад афрохт. Ҳалқаи давраи поёнии деворпоя — 20 метр, ҳалқаи поёнӣ — 5,5 метр ва давраи болоӣ — 4 метрро ташкил медиҳад. Он аз 5 сутунпоя — ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи «панҷ» ва «кат» аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад. Дар ин сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд. Дар китоб мисраъҳо аз ашъори сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро, устоди шоирон — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ шудаанд. [2]
Атрофи «Рамзи китоб» бо гулу буттаҳои ҳамешасабз оро ёфтаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент тасмим гирифт, ки баъд аз бунёд гардидани ин муҷассама атрофи онро ҳамеша сабзпӯш нигоҳ дорад, зеро он гувоҳи сарсабзию хуррамии Ватани мост.[3]
Рамзро дар шабонгоҳ чароғҳои рахшон равшан менамоянд.
Ҳадафи бунёд
[вироиш | вироиши манбаъ]Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент лоиҳаи «Рамзи китоб»-ро бо мақсади такмилдиҳӣ ва эҳтиром ба ҳар фарди истиқоматкунандаи ин макони бузург барои баррасии сокинони шарафманди шаҳри Панҷакент ва дигарон тавассути сомонаи интернетӣ пешниҳод намуда буд.
«Рамзи китоб» ба ифтихори баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузошта мешавад, ки тайи ду сол аст бо ташаббуси маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои ҷомеа баргузор гардидаву ба озмуни миллӣ табдил ёфтааст.
Китоб – манбаи дониш буда, бузургон ва донишмандони гузаштаи мо онро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста, «аниси кунҷи танҳоӣ…,» пиндоштаанд. Китоб дар зиндагӣ ва ҳастии инсон нақши муҳим мебозад ва бе китоб дунёи инсон торику ақл тира аст. Инчунин ташаббусҳои амалигардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди китобхонаҳо, нашри осори гузаштагон, шароити мусоид барои ҷавонони эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ ҳар сокини мамлакатро нисбат ба хондани китоб бетафовут намегузорад. [4]
Тавзеҳот
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ АМИТ "Ховар". Дар шаҳри Панҷакент муҷассамаи «Рамзи китоб» бо баландии 14 метр бунёд мешавад. https://khovar.tj (21.11.2021). 5 сентябри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2023.
- ↑ Sugd.tj. Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёдкориҳо дар шаҳри Панҷакент. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд (29.01.2021).
- ↑ МИҲД шаҳри Панҷакент. МУҶАССАМАИ КИТОБ БАХШИДА БА ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ...” ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ АФРОХТА МЕШАВАД.. panjakent.tj (10.01.2021).
- ↑ Саёҳат ва ҳунар. Рамзи китоб дар шаҳри Панҷакент. https://www.facebook.com/sayohat.va.hunar (11.08.2022).