Панҷакент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Панҷакент
Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
ноҳия Панҷакент
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис садаи V пеш аз милод
Масоҳат 6,56[1] км²
Баландии марказ 996 ± 1 м
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 43 800[2] тан (2022)
Миллият тоҷикҳо, ӯзбекҳо
Эътиқодот мусулмонон
Номи қавмӣ панҷакентӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3467
Нишонаи почта 735500
Дигар
Забонҳои гуфторӣ тоҷикӣ, ӯзбекӣ
Мазҳаб ҳанафӣ

sugd.tj
(тоҷ.)(рус.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Панҷакент (порсӣ: پنجكینت , аз pncyknδh[3]) дар забони суғдӣ, Панҷикат дар гӯишҳои зарафшонӣ ва Панҷиканд дар забони форсии тоҷикӣ) — шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст.

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 2022 аҳолии шаҳри Панҷакент ба 43,3 ҳазор нафар расид.

сол 2012 2013 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
39,1 39,5 40 40,6 42,8 43,3

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигораҳои девории Панҷакенти қадим

Номи шаҳри Панҷиканд (порсӣ: پنجكند ) аз ду бахш сохта шудааст: панҷ ва канд, яъне панҷ шаҳр. Ин ҷойном дар торихномаҳои қадим ва асноди бойгонии Деваштич дида мешавад. Бостоншиносон дар наздикии Панҷиканд шаҳраки Саразмро ёфтаанд, ки дар ҳазорсолаҳои IV — II то мелод вуҷуд доштааст. Панҷиканд то истилои араб яке аз шаҳрҳои номдори Суғди Самарқанд буд. Дар ибтидои асри VIII шаҳри Панҷикатро сипоҳи мусулмонон гирифт ва он аз шаҳрҳои Хилофати исломӣ шуд. Сипастар он шаҳре аз шаҳрҳои қаламрави аморати Сомониён буд. Дар садаҳои пасин низ Панҷиканд яке аз шаҳрҳои бонуфузи Осиёи Марказӣ дар Роҳи бузурги абрешим мақоми намоёнро ишгол карда, дар ривоҷи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангии халқҳои ҳамҷавор саҳмгузорӣ намудааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ошкор кардаанд, ки шаҳри Панҷиканд дар 1,5 — 2 ҳазор соли ахир панҷ бор комилан бозсозӣ ва эҳё гардидааст.

Аз соли 1926 то соли 1930 Панҷиканд минтақаи мустақил буд. 23 ноябри соли 1930 минтақаи Панҷиканд барҳам дода шуд ва дар заминаи он ду ноҳия — Панҷакент ва Заҳматобод ташкил ёфт, ки дорои 4 волост (навоҳӣ) буд. Соли 1953 ба шаҳри тобеи ноҳия ва аз 14 октябри соли 1959 Панҷакент ба шаҳри тобеъи собиқ вилояти Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) табдил дода шуд.

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақбараи Устод Рӯдакӣ
Бозор дар Панҷакент.

Шаҳри Панҷиканд дар дараи рӯди Зарафшон ва шарқтар аз шаҳри Самарқанд дар баландии 900 метр аз сатҳи дарё ҷой дорад. Ин шаҳр бисёр ҷойҳои диданӣ, ёдгориҳои торихӣ ва меъморӣ дорад.

Дар канораи чапи рӯди Зарафшон наздики маркази шаҳр суфае ҷой дорад ки бозмонда аз вайронаҳои шаҳри садаҳои V—VIII милодӣ аст. Дар паи ковишҳои бостоншиносӣ дар ин суфа, ки 60 сол пеш оғоз шуда ва дар 30 соли ахир раҳбарияшонро бостоншинос Борис Маршак бар уҳда дорад, вайронаҳои шаҳри суғдӣ пайдо шуд ки дар оғози садаҳои миёна бисёр калону обод будааст ва ҳамчунин деворнигораҳои зебои нигоргарони суғдӣ ёфт шуданд.

Каме ғарбтар аз Панҷиканд вайронаҳои рустои Саразм ҷой доранд, ки аз ҳазорсолаҳои IV—II пеш аз милод бозмонда ва пайвандҳои танготанги мардуми бумиро бо тамаддунҳои куҳани Ховари Наздик нишон медиҳанд.

Дар дараи Зарафшон 60 км шарқтар аз Панҷиканд рустои Панҷрӯд ҷой дорад, ки зодгоҳи сардафтари адабиёти порсӣ-тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст[4].

Оромгоҳи Муҳаммад Башоро, ки 37 км дуртар аз Панҷиканд дар яке аз дараҳои зебоманзари кӯҳсори Зарафшон ҷой дорад, яке аз ёдгориҳои меъмории тоҷикӣ дар садаҳои XII—XIV аст.

Шаҳри Панҷиканд замоне пойтахти подшоҳони Суғд, аз ҷумла Деваштич, буда ва дар замони аморати Бухоро маркази бекнишини Панҷиканд буд.

Тандиси Деваштич
Тандиси Лоиқ Шералӣ

Шароитҳои табиӣ ва иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Панҷакент дар қисми марказии ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷой дошта, релефаш кӯҳӣ аст. Иқлими Панҷакент субтропикӣ-континенталӣ (гармии ҳаво дар давраи тобистон аз +24°С то +36°С ва дар давраи зимистон то — 22°С) мебошад. Ҳудуди ноҳияро бо самти арзӣ се қаторкӯҳ бурида мегузаранд: дар шимол- Туркистон (баландиаш 2000-3000м.), дар марказ Зарафшон (3000-4000м.), қуллаи Чимтарға дар кӯҳҳои Фон (баландиаш то 5949м.), дар ҷануб Ҳисор (то 4636м.). Байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон пастхамии Моғиёну Фароб (баландиаш 1500-2000м аз сатҳи баҳр) ва байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистони водии Зарафшон (баландиаш 900-950м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гаштааст.

Табиат ва иқлими шаҳри Панҷакент барои рушди соҳаҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, рустанипарварӣ ва чорводорӣ хеле мусоид буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот заминаи асосӣ мегузорад.

Кӯҳистони Зарафшон хазинаи бебаҳои сарватҳои табиӣ аст. Кормандони Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз минтақа қариб ҳамаи элементҳо ҷадвали Менделеевро пайдо кардаанд. Дар ҳудуди Панҷакент конҳои тило, нуқра, симоб, сурма, қалъагӣ, волфрам, флюорит, фосфорит, ангиштсанг ва санги мармар мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, 328 адад кони маъдан кашф гардидаанд, ки барои рушди шаҳр аҳамияти калони иқтисодӣ доранд.

Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз соли 1948 ба ҷустуҷӯи сарватҳои табиии водӣ машғул аст. Айни замон дар экспедитсия беш аз 300 нафар кормандон кор мекунанд.

Аз канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти энергетикӣ доранд, дар ҳудуди Панҷакент конҳои ангиштсанги Киштӯд-Заврон, Шашқат, Тобасанг ва Моғиён кашф гардидаанд. Танҳо захираи кони ангишти Тобасанг 250 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди Панҷакент 150 навъи рустаниҳои доруворӣ, 50 навъи рустании асаловар, 100 навъи рустании ғизоӣ, 120 рустании дорои равғани эфир ба қайд гирифта шудааст.

Роҳҳо ва иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба Панҷакент аз ҷониби шаҳри Самарқанд ва аз Душанбеву Хуҷанд роҳи мошингарди (Айнӣ — Панҷакент) дар даврони шуравӣ мумфарш шуда буд. Вале баъд аз пош хурдани ИҶШС роҳҳои номбурда фарсуда шуда буданд. Аз ҷониби ҳукумати Узбекистон сарҳади самти роҳи Самарқанд-Панҷакент пурра баста шуд ва ягона роҳи доду гирифти шаҳру ноҳия, роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент боқӣ мондааст.

18 октябри соли 2015 — дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[5]

Дар заминаи ин ҷустуҷӯйҳо барои коркарди маъдани тило ҶММ КМ «Зарафшон» таъсис ёфтааст, ки он дар як сол 1 миллиону 600 ҳаз. тонна маъдани кӯҳиро коркард менамояд. Коргоҳи муштараки «Зарафшон» дар заминаи комбинати маъдани тилои тоҷик, ки дар соли 1990 ба кор огоз карда буд, ташкил гардидааст. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати чинии «Зи ҷин майнинг» фаъолият дорад. Ин корхона дар соли 2010 — 52,2% буҷетӣ маҳаллиро таъмин намудааст.

Фабрикаи дуюми ҶДММ Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон” октябри соли 2015 ба кор даромад. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тилои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тило дар як сол расонида мешавад.[6]

Воситаҳои ахбори умум[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ш. Панҷакент рӯзномаи давлатӣ[7] зери номи Зарафшон нашр мешавад. Сардабири рӯзномаи «Зарафшон» рӯзноманигори варзида Луқмонҷон Қурбонов аст[8]. Инчунин, студияи радиошунавонии маҳаллӣ ҳаст, ки дар солҳои 60-уми садаи XX таъсис ёфтааст[9]. Роҳбари ин радио Аббос Ҳамроҳзода мебошад. Нахустин шабакаи радиоӣ бо номи «Садои Панҷакент» рӯи мавҷи 101,5 ФМ ба фаъолият оғоз кардааст[10]. Радиои «Садои Панҷакент» сомонаҳои хусусӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дорад.[11][12]

Маориф ва фарҳанг[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳр Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Омӯзишгоҳӣ педагогӣ, Омӯзишгоҳи тиббӣ, литсеи касбии политехникӣ, мактабҳои миёна ва томактабӣ амал мекунанд. Қасри фарҳанг ва якчанд муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва дилхушӣ барои сокинони шаҳр хидмат мерасонанд. Манзараи бинову хиёбонҳои шаҳри бостонӣ дар замони истиқлоли ҷумҳурӣ дигаргун гаштааст.

Ҳунарҳои маҳаллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунарҳои маҳаллӣ аз намудҳои гуногуни косибӣ: кулолӣ, кашидадузӣ, курпадузӣ, куртадузӣ ва дигарҳо иборатанд. Намунаи он дар аксҳо сабт ёфтаанд.

Боз нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Якубовский А. Ю. Древний Панджиканд, в сборнике: По следам древних культур, М., 1951
  • Беленицкий А. М., Распопова В. И. Древний Пенджикент, Душанбе, 1971
  • Беленицкий А. М. Монументальное искусство Пенджикента. Живопись. Скульптура, М., 1973

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Город Пенджикент станет больше в четыре раза | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info. 18 марти 2023 санҷида шуд.
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 18 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики. Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. СПб. 2004.— Стр. 91
  4. Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Сайти расмии Президенти Тоҷикистон (06.09.2008 14:00, шаҳри Душанбе). 8 июни 2015 санҷида шуд.
  5. Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент. 31 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  6. Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”. 31 октябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  7. Справочник "Союз журналистов Таджикистана". 14 июни 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2015.
  8. Толиби ЛУҚМОН. РӮЗНОМАНИГОР ВА СИЁСАТМАДОРИ ТАВОНО Ҷумҳурият
  9. Расонаҳои хабарии электронии вилоят(пайванди дастнорас)
  10. "Садои Панҷакент" дар муқобили шабакаҳои узбакӣ? // Радиои Озодӣ 21.03.2012 18:17
  11. Радио "Садои Панчакент" // ВКонтакте
  12. Радио "Садои Панчакент" 101.5 fm // Одноклассники
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: