Рашиди Табрезӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рашиди Табрезӣ

Ёраҳмад ибни Ҳусайн Рашиди Табрезӣ (форсӣ: یاراحمدبن حسین رشید تبریزی[1]; ? — пеш аз 1670) — заргар, минокор ва шоири форс-тоҷик, муаллифи «Тарабхона».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Табрезиёни Аббосободи Исфаҳон аст. Дар заргарӣ ва минокорӣ беназир ва дар шеър низ ба эътиқоди худ беқарин буд. Рашид ба Ҳиндустон сафаре кард ва ба эътибори санъаташ дар назди подшоҳон эътибор дошт. Рашид пеш аз сол 1081 ҳ.қ. даргузашт[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. یاراحمدبن حسین رشید تبریزی(форсӣ). vista.ir. 20 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. رشید تبریزی - معنی در دیکشنری آبادیس. abadis.ir. 20 апрели 2024 санҷида шуд.