Раънои Сафарзод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раънои Сафарзод
Таърихи таваллуд соли 1942
Зодгоҳ Шаҳри Истаравшан

Раънои Сафарзод - аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раънои Сафарзод соли 1942 дар шаҳри Истаравшани бостонӣ дар оилаи хизматчӣ дида ба дунёи равшан кушодааст. Соли 1958 мактаби миёнаи №1 ба номи А.М. Горкийи шаҳри Истаравшанро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро сол 1963 ба охир расонидааст. Солҳост, ки ба пешаи омӯзгорӣ машғул аст. Ба шогирдонаш аз забони ноби тоҷикӣ ва каломи бадеъ таълим медиҳад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Раънои Сафарзод дар баробари омӯзгорӣ шеъру ҳикоя, очерку қисса менависад. Хонандагон ӯро ҳамчун шоира ва нависанда нағз мешиносанд.

Маҷмӯаи шеъру ҳикоя, очерку қиссаҳояш таҳти унвони «Оташи дил», «Нақши умр», «Бахти сангин», «Ҷавҳари дил», «Гӯлбонги ишқ», «Рози пинҳон», «Оинаи зиндагӣ», «Шикастабанд» дар нашриётҳои «Адиб», «Сурушан» ва ба номи Раҳим Ҷалил интишор гардидаанд. Инчунин ӯ тартибдиҳандаи маҷмӯаи шеърҳои шоираҳои тоҷик «Шаҳди лабҳо» аст.

Тоҷикистон
Тоҷикистон, гарди хокат сурмаи чашмони ман,
Қатраи оби зулолат ҷавҳари ман, ҷони ман.
Чун кушодам дида бар дунёву дидам рӯи ту,
Тоҷикистон модари ман, қуввату дармони ман.
Як нафас ҳам зиндагӣ бе ту ба ман даркор нест,
Бахти ман, имони ман, эй чашмаи илҳони ман.
Бо бузургонат ба олам менамоям ифтихор,
Аз ту бошад сарбаландӣ, шуҳрату ҳам шони ман.
Эй макони Рӯдакиву Хисраву Синои ман,
Тоҷикистон, номи некат матлаи девони ман.
Баҳри ман ҳар гӯшаат як ҷаннати афсонавист,
Ҳастии ту, номи ту бошад ману имони ман.
Душманонат зери пову дӯстонат тоҷи сар,
Эй сари ман, сарвари ман, ҳам сару сомони ман.
Меҳр
Равшании хонаам, зӯру мадорам, модарам,
Давлати бедор бе ту ман надорам, модарам.
Қомати болои ман, дасти дарозам, модарам,
Махзани меҳру вафою сӯзу созам, модарам.
Ранги зардатро бидидам, беқарорам ман ҳанӯз,
Гирди ту парвонаи парсӯхта гаштам то ба рӯз.
Сӯзу сози дуди оҳат бар тани ман кора кард,
Аз ҷигар бигзашт имшаб, ҷону дилро пора кард.
Ҷон ба каф бигрифта худро ман ба ҳар сӯ мезанам,
То биёбам ман давоят, худ ба ҳар кӯ мезанам.
Кудакӣ
Бо хаёле банд гоҳе менишинам то саҳар,
Кӯдакиям бигзарад чун турна аз пеши назар.
Гарчи ман хушбахт будам дар канори модарам,
Гарчи мегуфт ӯ маро «боғу баҳорам, духтарам»,
Лек ӯ ғамгину рангаш зард буд,
Алла мегуфт, аллааш пурдард буд.
Ман кунун фаҳмидаам, он сол соли ҷанг буд,
Сар ба сар аҳволи аҳли кишвари мо танг буд.
Шуд аёнам, дар яке аз шаҳрҳои мо падар
Синаашро баҳри ҳифзи ин Ватан карда сипар.
Солҳо рафтанду акнун худ ба мисли модарам,
Дар сари гаҳвораи фарзанд мемонам сарам.
Лек ман ғамгину рангам зард не,
Алла гӯям, аллаам пурдард не.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.