Jump to content

Раҳим Тӯрақулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳим Тӯрақулов
Таърихи таваллуд 1933(1933)
Зодгоҳ Ӯротеппа
Таърихи даргузашт 9 март 1997(1997-03-09)

Раҳим Тӯрақулов - аъзои Конфедератсияи журналистони байналхалқӣ буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳим Тӯрақулов соли 1933 дар шаҳри Ӯротеппа дар гузари Қассобӣ таваллуд шудааст. Дар соли 1954 мактаби миёнаи ба номи С. Айниро хатм намуда, ба идораи савдои шаҳр ба кор меояд ва то ба нафақа баромадан дар ҳамин ҷо кор мекунад. Ӯ дар соли 1957 дар техникуми савдои шаҳри Сталинобод (Душанбе) ғоибона таҳсил менамояд. Дар соли 1980-ум ба Институти савдои шаҳри Самарқанд дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ мешавад.

Ӯ аъзои Конфедератсияи журналистони байналхалқӣ буд. Кӯчае, ки зиндагонӣ мекард ҳоло ба номи ӯ гузошта шудааст. Раҳим Тӯрақулов 9 марти соли 1997 аз дунё чашм пӯшидааст.

Раҳим Тӯрақулов аз давраи мактабхониаш шеърнависиро машқ мекард. Ба омӯхтани асарҳои классикӣ ва муосир ҳаракат менамуд. Шеърҳои ӯ бо таҳриру маслиҳатҳои устодаш Разиюлло Абдуллозода дар рӯзномаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурйӣ пайваста чоп мешуд. Соли 1993 нахустин маҷмӯаи ӯ «Қассобниг тори» ва дар солҳои дигар китобҳояш «Тӯҳфаи умр» (1997), «Юлдӯз сенга йӯлдошми?» (1998), «Табаррук дамлар» ва дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе бо забони тоҷикӣ «Меҳроби дил» рӯи чопро дидааст.

Ватан
Ватанам, дар бари ту ман шодам,
Бо ҳама ҳастии ту ободам.
Гар шавам як нафасе аз ту ҷудо
Нарасад ҳеч касе бар додам.
Ту чу хуршед ба ман тобанда
Бахтам аз шодии ту ханданда.
Сангу кӯҳи ту азизанд ба ман
Меҳри афзуни ту кардам банда.
Эй Ватан, нури ду чашмони манӣ,
Пайки ҳар завқи хурӯшони манӣ.
Бипурс
Лаззати ишқу муҳаббат ту аз он ҷонон бипурс,
Нури чашмони маро ту аз маҳи тобон бипурс.
Қад кашида дар миёни гулшане зебопарӣ,
Қиссаи он қадду қомат аз мани ҳайрон бипурс.
Ҳар саҳар чун булбуле дар боғи дилҳо сайр кун,
Ҳусни рӯи ёрро аз он гули хандон бипурс.
Ман зи умри хеш шодам чунки бо халқам мудом
Зебиши ин мулкро аз лолаву райҳон бипурс.
Зиндагиям хуррам аст аз меҳнату эҷоди ман.
Сирри илҳоми маро ту аз бари Уммон бипурс
Эй Раҳим, бо ёри худ даврони худро васф кун.
Сеҳри шеъру шоирӣ з-устоди хушилҳон бипурс.
Равад
Он касе виҷдон надорад, кулли инсон з-ӯ равад,
Нури хуршедӣ нарафта гунча нохандон равад.
Қалби инсонро мадеҳ озор бо заҳри сухан
Гар сухан ночо бувад, аз заҳри он ҷонон равад.
Дӯст бошӣ бовафо шав дӯстонро доимо
Аз қудуми бевафоӣ дон, ки ҳам паймон равад.
Дар китоби одами донӣ, ки номардӣ бад аст
Ҳар кӣ бад шуд андар ин раҳ мардию майдон равад.
Ҳар киро бошад такаббур ҳафтаҳову рӯзҳо
Меравад аз ӯ фазилат гӯй ҳам имон равад.
Нақши умри хеш монӣ, эй Раҳим эҷод кун,
Чунки эҷодат бимонад дар ҷаҳон, инсон равад.

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.