Jump to content

Раҳим Ҳайдар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳим Ҳайдар
Таърихи таваллуд: 10 март 1923(1923-03-10)
Зодгоҳ: Ноҳияи Ӯротеппа
Таърихи даргузашт: 28 октябр 1985(1985-10-28) (62 сол)
Навъи фаъолият: нависанда

Раҳим Ҳайдар — Раҳим Ҳайдар аъзои Иттифоқи журналистони СССР (аз соли 1958) буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳим Ҳайдар 10-уми марти соли 1923 дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Ӯротеппа дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Вай аз модар дар синни дусолагӣ ва аз падар дар синни ҳафтсолагӣ маҳрум гаштааст. Раҳим дар тарбияи бародараш монда, дар соли 1941 мактаби ҳафтсолаи қишлоқро хатм менамояд.

Фаъолияти кории ӯ соли 1941 ҳамчун табелчии колхози «Правда» ҳозира с/х Ӯротеппа» оғоз ёфтааст. Феврали соли 1943 ба фронт рафта дар сафи Армияи Советӣ хидмат мекунад ва ба муқобили гитлерчиёни фашистӣ далерона меҷангад. Дар яке аз муҳорибаҳо сахт ярадор мешавад ва баъди дар госпитал муолиҷа ёфтан ҳамчун инвалиди гурӯҳи дуюм бармегардад. Соли 1944 дар колхоз котиб ва кассир шуда кор мекунад. Соли 1945 Раҳим Ҳайдарро ба аъзогии партияи коммунистӣ қабул менамоянд. Баъд аз он ӯро ба курси яксолаи партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон мефиристанд. Баъди хатмимкурси партиявӣ ӯ аз соли 1946 инструктори комитети партиявии шаҳр шуда кор мекунад. Дар айни замон дар соли 1946-1949 ғоибона дар омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Ӯротеппа таҳсил менамояд. Соли 1950 ходими адабии газетаи районӣ, соли 1951 мудири шуъбаи маданияти комиҷроияи Совети районӣ шуда кор кардааст.

Солҳои 1951-1953 дар шаҳри Душанбе шунавандаи мактаби ҳукуқшиносӣ буд. Аз соли 1953 то соли 1955 дар райони Ленинобод ба вазифаи раиси суд кор карда, баъд ба кори журналистӣ мегузарад. Аз соли 1955 то соли 1958 ба вазифаи ходими адабӣ ва мудири шуъбаи газетаи «Паёми Истаравшан» шуда кор мекунад.

Солҳои 1958-1962 дар шуъбаи журналистии мактаби олии партиявии шаҳри Тошканд хонда онро бомуваффақият ба итмом расонд. Аз соли 1962 то соли 1983 муҳаррири газетаи «Паёми Истаравшан» буд.

Раҳим Ҳайдар аъзои Иттифоқи журналистони СССР (аз соли 1958) буд. Се китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ду дилдода» (1964), «Духтари бебок» (1983) ва «Хати беимзо» (1992) дар ҷумҳуриамон нашр ёфтаанд.

Якчанд ҳикояҳои ӯ ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд. Песаҳои «Зафар» ва «Шаҳид» дар Театри халқии шаҳри Ӯротеппа ба саҳна гузошта шудаанд. 4 ҳикояи ӯро инстсенировка карда якчанд сол ба воситаи радиои ҷумҳурӣ шунавондаанд.

Раҳим Ҳайдар барои хидматҳояш бо медали «Барои хидматҳои ҷангӣ», ордени «Ҷангн Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1, медали «Барои меҳнати шуҷоатнок». Ба муноснбати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин ва медалу грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ӯ соли 1973 соҳиби унвони фахрии «Ходими шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуда буд.

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.