Раҳматулло Куҷов
Раҳматулло Мақсадович Куҷов | |
Таърихи таваллуд | 17 август 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2021) |
Раҳматулло Мақсадович Куҷов (тав. 17.08.1967, д. Зимтуди н. Панҷакент) — муаллими забони олмонӣ, номзади илмҳои педагогика (2019). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2021)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Раҳматулло Куҷов солҳои 1984–1991 дар факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намуда, онро бо ихтисоси омӯзгори забони олмонӣ хатм кардааст. Солҳои 1991–1997 муаллими забони олмонӣ дар мактаби миёнаи № 21 н. Панҷакент, 1997–2001 ассистенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси дуюми донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Аз соли 2001 то 2005 муаллими калони кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 2005–2008 муовини декани факултети забонҳои хориҷӣ оид ба тарбия, 2008 то 2013 муовини декан оид ба таълим, 2014 муовини декан оид ба илм дар факултети забонҳои романию германӣ, аз соли 2018 то ҳол мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (олмонӣ ва фаронсавӣ) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад. Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Методика формирования речевой активности студентов при обучении иностранному языку» ҳимоя намудааст. Бо ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз карда шудааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон (2021).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 17 август
- Зодагони соли 1967
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон