Раҳматулло Мирбобоев
Раҳматулло Мадаюбович Мирбобоев | |
Фазои илмӣ | олим,омӯзгор |
Раҳматулло Мадаюбович Мирбобоев Дар солҳои 2008-2010 дар вазифаи декани факултет(факултаи иқтисод ва идора Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ) фаъолият намудааст. ДДТ ба номи В.И.Ленинро (1977) хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1998), дотсент. Дар донишгоҳ дар вазифаҳои ассистент (1977), муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1985-1994), муаллими калон (1994-2002) ва дотсенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (2002 то ҳол), мудири шуъбаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ (1998-2001), муовини декани факултети молиявию иқтисодӣ оид ба таълим (2001-2004), декани факултети молиявию иқтисодӣ (2006-2008) ва проректори донишгоҳ оид ба таълим (2010-2012), ректори Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон(2012-2013) фаъолият намудааст. Аз моҳи декабри соли 2013 вазифаи муовини аввали вазири маориф ва илмро дар уҳда дорад. Муаллифи зиёда аз 70 асари илмӣ мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2013 муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- факултаи иқтисод ва идора(пайванди дастнорас)
- Ховар.tj Бойгонӣ шудааст 20 апрели 2014 сол.