Раҳмат Ҳомидов
Раҳмат Ҳомидов | |
---|---|
Раҳмат Ёкубович Ҳомидов | |
Таърихи таваллуд: | 5 марти соли 1912 |
Зодгоҳ: | ш. Хуҷанд |
Фазои илмӣ: | олим,омӯзгор |
Раҳмат Ёкубович Ҳомидов — (05.03.1912 - 24.01.1994. Хуҷанд), муаррих, номзади илмҳои таърих (1955, дотсент (1962). ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1937) ва мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1945). Омӯзгори фанни математикаи техникумп молиявӣ-иқтисодии Хуҷанд (1934-1935), ассистенти кафедраи физикаю математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1935-1937). омӯзгор ва мудири шӯъбаи таълими омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (1937-42), инструктори шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи кумитаи ҲК в.Ленинобод (1943-1944), мудири шӯъба, котиби кумитаи ҲК в.Ӯротеппа (1945-1947). котиби кумитаи ҲК в.Ленинобод (1947-1950), директори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1950-1959), директори омӯзишгоҳи кооперативӣ (1959-1962), дотсент (1962-71). и.в. профессор (1971-1975), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1975-1994). Муаллифи зиёда аз 30 асари илмӣ доир ба таърихи ҲК Тоҷикистон. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Ифтихорномаи ШО ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.