Резишгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Резишгоҳ — ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам хӯрдани дарёро низ резишгоҳ меноманд. Резишгоҳ якчанд хел аст: резишгоҳи одӣ — маҷрои дарё дар резишгоҳи худ ба шохаю обравҳо тақсим намешавад (мас., дарёи Тибр); делта — маҷрои дарё дар назди резишгоҳ ба шохаҳо ва обраву обгузарҳо тақсим мешавад (дарёи Волга); эстуарий — резишгоҳи қифшакле, ки ба тарафи баҳр васеъ шуда меравад (дарёи Темза) ; Pезишгоҳ лиманӣ — Pезишгоҳи васеи халиҷмонанд, ки дар натиҷаи зери оби баҳр мондани водии дарё ҳосил шудааст (дарёи Буги Ҷанубй); Резишгоҳи муаллақ — ба шохоби дарёҳои кӯҳӣ хос аст (ба шарте, ки резишгоҳи дарёи кӯҳӣ нисбат ба дарёи асосӣ баландтар бошад); Pезишгоҳи саргум — ба он дарёҳое мансуб аст, ки то баҳр ё кӯл нарасида, дар дашту биёбонҳо барҳам мехӯранд. Аксари бандарнои калонро дар резишгоҳ месозанд.