Рессора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рессораҳои варақаи нимбайзаӣ

Рессо́ра (фр. ressort — чандирӣ) — ҷиҳози чандире дар мошинҳои боркашон, ки таконҳои аз ноҳамвориҳои роҳ пайдошударо фурӯ менишонад ва таъсири борро ба узвҳои гашт (ғилдирак, тасмачарх ва ғайра) мегузаронад.

Навъҳои рессора[вироиш | вироиши манбаъ]

Рессораҳои металлӣ, гидравликӣ ва пневматикӣ мавҷуданд.

Рессораҳои филлизӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рессораҳои металлӣ маъмултаранд ва дар навбати худ ба рессораҳои варақа, торсионӣ ва пружинӣ ҷудо мешаванд. Рессораи варақа аз дастаи варақаҳои пӯлодии обутобёфтаи дарозиашон гуногун иборат аст, ки ҳангоми таъсири бор чун болори чандир хам мешаванд. Рессораи пружинӣ аз як ё чанд пружинаҳои винтии дарун ба дарун ё болоиҳам сохта шудааст.

Рессораи торсионӣ аз милаи пӯлодии чандири дароз иборат буда, асосан ба чархҳои пе-ши автомобил гузошта мешавад. Аксаран рессораҳои муштарак (варақа ва пружинӣ)-ро ба кор мебаранд.

Рессораҳои гидравликӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар рессораҳои гидравликӣ моеъ аз комаи як силиндр ба қомаи силиндри дигар тавассути сӯрохҳои калибронидашуда мегузарад.

Рессораҳои пневматикӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар рессораҳои пневматикӣ бошад, хусусиятҳои чандирии газ ё ҳаво истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]