Jump to content

Рита Баҳодурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рита Баҳодурӣ
англ. Rita Bhaduri
Ном ба ҳангоми таваллуд: Rita Bhaduri
Таърихи таваллуд: 4 ноябр 1955(1955-11-04)
Зодгоҳ: Лакхнау, Уттар Прадеш, Ҳиндустон
Таърихи даргузашт 17 июл 2018(2018-07-17) (62 сол)
Маҳалли марг: Мумбай, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 1968-2018
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 0080150

Рита Баҳодурӣ (ҳиндӣ: रीटा भादुड़ी; 4 ноябри 1955, Лакхнау, Уттар Прадеш17 июли 2018, Мумбай, Ҳиндустон) — ҳунарпешаи телевизион ва синамои ҳинд[1]. Рита дар тӯли фаъолияти худ дар 71 филм ва 30 силсилафилм нақш офаридааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рита 4 ноябри соли 1955 дар Лакхнау таваллуд шудааст, ӯ хурдтарини фарзанд аз се духтари ҳунарпеша Чандрима Баҳодурӣ буд. Дере нагузашта оила ба Бомбай кӯчид ва модараш дар филмҳо ҳунарнамоиро оғоз намуд. Ӯ дар 36 филм нақшҳои хурдро бозидааст, ки намоёнтаринаш нақши посбони маҳбас дар филми Bandini (1963) буд. Хоҳари калонии Рита бо наворбардор Баруна Мукҳерҷӣ издивоҷ кардааст ва хоҳари миёнааш Рума бошад дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил намудааст[2].

Рита соли 1973 Донишкадаи синамо ва телевизиони Ҳиндустонро бо ихтисоси ҳунарпешагӣ хатм кардааст. Соли дигар, ӯ дар филми малаяламии Kanyakumari ҳамҷуфти Камол Ҳасанро бозидааст. Пас аз як сол, ӯ дар филми "Ҷулия" -и Болливуд ҳамчун дӯсти қаҳрамони асосӣ пайдо шуд. Дар натиҷа, дар солҳои 70-ум, ӯ нақшҳои асосиро бозидааст. Ҳамин тавр дар College Girl (1978) ӯ нақши донишҷӯи коллеҷро, ки қурбонии таҷовуз шудааст бозидааст, аммо ӯ қаҳрамони аслии филм набуд. Соли 1979 дар ду филми Rajshri Productions бо Арун Говил, Sawaan Ko Aane Do ва Raadha aur Seeta ҳунарнамоӣ намудааст. Ӯ дар филмҳои Aaina (1977) ва Nastik (1983) низ нақшҳои дуюмдараҷаро бозидааст. Ниҳоят, соли 1985, ӯ дар филми бо забони банголӣ Phoolan Devi, нақши асосиро бозидааст[3], аммо он даромади хуб надошт.

Солҳои 80-ум ӯ ба саҳнаҳои синамои гуҷарат саҳми назаррас гузошт ва дар он ҷо ӯ яке аз ситораҳо бо кафолати даромад дар буҷаи синамо шуд. Рита дар филмҳои мифологӣ ва таърихӣ, драмаҳои иҷтимоӣ ва мелодрамаҳои мусиқӣ, аз ҷумла Alakh Niranjan, Nal Damayanti, Jai Ashapura Maa, Santu Rangeelu, Gher Gher Matina Chula, Kunku Nee Keemat, Ma Na Aansoo, Jani, Sherne Saathey Sawaser нақши асосиро бозидааст. Филмҳои синамои гуҷаротиро он солҳо аз вазъияти паст баланд бардошт. Ҳангоми паст шудани сифати филм аз сабаби тамаркузи истеҳсолкунандагон ба гирифтани фоида, Рита соҳаи ҳунарпешагиро тарк кард.

Солҳои 90-ум, ӯ ба кор дар телевизион шурӯъ кард, зеро ӯ ба сужаҳои барои занон таваҷҷуҳ дошт. Ӯ дере нагузашта ҳунарпешаи пурталаб дар нақши модар ва ҳатто бибӣ шуд, гарчанде ки ӯ ҳанӯз ба синну соли мувофиқ ба нақшҳо нарасида буд. Дар байни силсилафилмҳои ӯ дар телевизион инҳо мебошанд: Chunauti (1987—1988), Amaanat (1997—2002), Kumkum — Ek Pyara Sa Bandhan (2002—2009), Choti Bahu — Sinduur Bin Suhagan (2010—2012), Sarabhai Vs Sarabhai ва Khichdi. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳунарнамоиро дар филмҳо идома дод ва ҳатто дар ҷоизаи Filmfare Awards барои филми Raja (1995) номзад шуд[4].

Солҳои 2008-2009 ӯ дар Қафаси тилоӣ (Ek thi rajkumari) бо Алӣ Мерчант, Неҳа Марда ва Аюшман Хурроно нақши дояро бозидааст. Охирин нақше, ки ӯ бозидааст ин дар силсилафилми Nimki Mukhiya соли 2017 мебошад[5]. Ӯ дар тӯли фаъолияти худ миёни ҳунарпешаҳои маъруф ба монанди: Притӣ Зинта, Мамта Кулкарнӣ, Ҷиммӣ Шергил, Ҷекӣ Шрофф, Говинда, Каришма Капур, Қодир Хон, Шактӣ Капур ва дигарон ҳунарнамоӣ намудааст.

Моҳи июли соли 2018 Ритаро ба беморхонаи Sujay Hospital бо бемории гурда хобонданд, ки пас аз 10 рӯз 17 июли соли 2018 дар синни 68-солагӣ аз олам чашм пушид[5].

  • 2012 Kevi Rite Jaish (ҳамчун хонуми бузург)
  • 2003 Main Madhuri Dixit Banna Chahti Hoon (Калаватӣ)
  • 2002 Dil Vil Pyar Vyar
  • 2002 Mulaqaat (Хонуми Паткар)
  • 2000 Kya Kehna (модари Аҷай)
  • 1999 Hote Hote Pyar Ho Gaya (Аша)
  • 1998 Jaane Jigar (хонуми Прем Кишан)
  • 1997 Tamanna (модар)
  • 1997 Hero No. 1 (хонуми Лакшмӣ Видя Натҳ)
  • 1997 Virasat (Маусӣ)
  • 1996 Khoon Ki Pyasi (Парватӣ)
  • 1995 Aatank Hi Aatank (Шив Чаран Шарма)
  • 1995 Dance Party (Лаҷҷо Шарма)
  • 1995 Inteqam Ke Sholay
  • 1995 Maa Ki Mamta (Шантӣ)
  • 1995 Raja (Сарита Гаревал)
  • 1994 Stunttman (модари Рина)
  • 1994 Kabhi Haan Kabhi Naa (Мэрӣ Сулливан)
  • 1993 Dalaal (Ҷун Ҷун Вала)
  • 1993 Rang (Ҷошӣ)
  • 1993 Game (модари Викрам)
  • 1993 Aashik Aawara (Гайетрӣ)
  • 1993 Insaniyat Ke Devta (Сумитрдевӣ (ҳамсари Ранҷит))
  • 1993 Anth (модари Прия)
  • 1992 Yudhpath (хонуми Чаудҳарӣ)
  • 1992 Tilak
  • 1992 Ajeeb Dastaan Hai Yeh муаллимаи мактаб)
  • 1992 Beta (Нита)
  • 1991 Love (Стелло Пинто)
  • 1991 House No. 13 (Шантӣ)
  • 1991 Khooni Panja
  • 1991 Ayee Milan Ki Raat
  • 1990 Teri Talash Mein (Шантӣ Сандҳу)
  • 1990 Ghar Ho To Aisa (Канчан)
  • 1990 Jungle Love (модари Ранӣ)
  • 1990 Nehru: The Jewel of India
  • 1990 Naya Khoon (Сапна Сривастав)
  • 1989 Sindoor Aur Bandook
  • 1988 Rama O Rama (модари Мону)
  • 1988 Ghar Mein Ram Gali Mein Shyam (хонуми Дҳарамчанд)
  • 1987 Diljalaa (модари кӯдаки вафотёфта)
  • 1986 Main Balwan (Гита, модари Тонӣ)
  • 1985 Phoolan Devi (Фулан)
  • 1984 Maya Bazaar (Сурекҳа)
  • 1983 Nastik (Шантӣ)
  • 1982 Bezubaan (Реватӣ)
  • 1982 Chalti Ka Naam Zindagi
  • 1981 Woh Phir Nahin Aaye (Рита Баҳодурӣ)
  • 1981 Jagya Tyathi Sawaar
  • 1981 Garvi Naar Gujaratan
  • 1980 Gehrayee (Ченнӣ)
  • 1980 Unees-Bees
  • 1980 Hum Nahin Sudherenge
  • 1980 Khanjar
  • 1979 Raadha Aur Seeta (Радҳа Саксена)
  • 1979 Gopal Krishna (Яшодра)
  • 1979 Nagin Aur Suhagan (Гаурӣ Сингҳ/Камла)
  • 1979 Sawan Ko Aane Do (Гитанҷалӣ)
  • 1979 Kashino Dikro (Рама)
  • 1978 College Girl
  • 1978 Vishwanath (Муннӣ)
  • 1978 Khoon Ki Pukaar (Ранӣ)
  • 1977 Aaina (Пурна Шастрӣ)
  • 1977 Din Amader
  • 1977 Kulvadhu
  • 1977 Anurodh (Анҷу)
  • 1976 Udhar Ka Sindur (Судҳа - хоҳари Премнатҳ)
  • 1975 Julie (Уша Бҳаттачаря
  • 1974 Kanyakumari (Парватӣ)
  • 1968 Teri Talash Mein

Силсилафилмҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
Номгӯй Нақш Шабака
Bante Bigadte Дулаарӣ Doordarshan
Manzil Маусӣ Doordarshan
Nimki Mukhiya Даадӣ Star Bharat
Sanjivani - A Medical Boon Бибии Раҳул Меҳра Star Plus
Kaajjal Биммо Буа Sony TV
Sarabhai vs Sarabhai Илабен Мадҳусудан Star One
Kkoi Dil Mein Hai Модари Аша Sony TV
Zameen Aasman Шаннл
Girja Devi Соҳибхоназан Zee TV
Hudd Kar Di Киран/Биҷӣ Zee TV
Saas v/s Bahu Худаш Sahara One
Hum Sab Baraati Zee TV
Ek Mahal Ho Sapno Ka Sony TV
Thoda Hai Thode Ki Zaroorat Hai Sony TV
Amanat Гаятри Капур Zee TV
Ek thi rajkumari Доя
Grihalakshmi Ka Jinn Гриҳалакшмӣ Zee TV (1994–97)
Gopaljee Рукманӣ Zee TV (1996)
Choti Bahu Шантидевӣ Пупоҳит Zee TV
Hasratein Холаи Савӣ Zee TV
Mujrim Hazir Doordarshan
Kumkum Раҷешварӣ Вадҳа Star Plus
Khichdi Ҳемлата Star Plus
Bible Ki Kahaniya Дебора DD National
Bhagonwali-Baante Apni Taqdeer Аҳиля Девӣ Zee TV
Rishtey (Мавсими 1) Zee TV
Krishnaben Khakhrawala Санту Sony TV
Chunauti DD National
Mrs. Kaushik Ki Paanch Bahuein Наанӣ Zee TV
Bani - Ishq Da Kalma Биҷӣ Colors ва Rishtey
Aaj Ki Housewife Hai... Sab Jaanti Hai Бибии Сона Zee TV
Ek Nayi Pehchaan Даадӣ Sony TV
Mohi Модари Винай Star Plus
Josh aur Shakti... Jeevan ke khel Суман Валия Zee TV

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи ҳунарпешаҳои (актрисаҳо) Ҳиндустон

  1. I'm still learning as an actor: Rita Bhaduri.
  2. Shoma A. Chatterji. Rita Bhaduri (1955-2018): An Independent Woman, A Talented Actress(англ.). The Citizen (23 July 2018). 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2019.
  3. Vikram Phukan. Rita Bhaduri: the dependable character actor(англ.). The Hindu (17 July 2018). 24 Январ 2019 санҷида шуд.
  4. Filmfare Nominees and Winners. 18 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2009.
  5. 5.0 5.1 Veteran Actress Rita Bhaduri Dies At 62. NDTV (17 July 2018).