Ришқаи боғӣ
| Ришқаи боғӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||
|
Олам: Салтанат: Шоха: Синф: Тартиб: Оила: Зероила: Триба: Авлод: ???: Ришқаи боғӣ |
||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||
| Мутародифот | ||||||||||
| ||||||||||
Ришқа (лот. Medicago sativa), аспист, ришқаи боғӣ, ришқаи мазруъ, рушқаи боғӣ, юнучқаи боғӣ — рустании алафӣ, як навъе аз ришқа (Medicago).
Ҳамчун хӯроки чорво ба таври васеъ истифода мешавад.

Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби О. В. Томе «Flora von Deutschland, Österreich und der Schweiz», 1885
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш сершох, баландиаш 70 — 100 (баъзан 150) см. Баргаш дарозрӯяи себарга, мевааш ғилофаки досшакл. Тухмаш гурдашакл, зард ё зардтоби бӯр. Ришқа тиррешаи бақувват дошта, ба хок 5 — 10 м чуқур меравад.
Ришқа хӯроки хуби чорвост. Протеини ҳозими ришқа назар ба рустаниҳои хӯшадор 2,5 — 3 баробар зиёд аст. Ришқаро дар Осиёи Марказӣ тақрибан 5 ҳазор сол то м. мекоштанд. Тақрибан 2 — 2,5 ҳазор сол пеш аз м. онро ба Юнони қадим, Рум ва Африқои Шимолӣ бурдаанд. Минбаъд ришқа дар Аврупо, Амрикои Шимолию Ҷанубӣ ва Австралия маъмул шуд. Ришқакорӣ дар ИМА, Аргентина ва Ҳиндустон вусъат ёфтааст.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ришқа рустании доруӣ мебошад. Бо ақидаи табибони мардумӣ мизољи он дар дараљаи якум гарм ва тар аст. Агар ришқаро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, қувваи боҳ мебахшад, вале дамиш меорад. Ришқаро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варамҳои сардро таҳлил медиҳад; бо сирко сиришта гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Дар давогӣ тухми ришқа назар ба дигар қисмҳои он қавитар аст, вале хосияти қабзкунандагӣ дорад. Агар онро бихӯранд, манӣ ва шир пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, ҳайзро меравонад, барои дуруштии узвҳои сина ва сурфа дору мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Linnæi C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 2. — С. 778.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоҳидова ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.