Розия Қурбонова
Jump to navigation
Jump to search
Розия Қурбонова | |
---|---|
Ҷоизаҳо |
Розия Қурбонова — ресанда. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Ҷонишини директори Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 9) буд.
Соли 1937 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст.
Планҳои панҷсолаи 7 ва 8-ро пеш аз мӯҳлат иҷро карда, сазовори унвони зарбдори меҳнати коммунистӣ шудааст.
Барои меҳнати шоён бо 2 ордени Ленин, медалу Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии PCC Тоҷикистон мукофотонида шудааст.