Рустам Деҳотӣ
Рустам Абдусаломович Деҳотӣ | |
Таърихи таваллуд | 27 ноябр 1953 (71 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Рустам Абдусаломович Деҳотӣ (тав. 25.05.1944, ш. Душанбе), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1986), дотсент (1987).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рустам Деҳотӣ 25.05.1944 дар ш. Душанбе, дар оилаи адиби тоҷик Абдусалом Деҳотӣ ба дунё омадааст. Соли 1971 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро бо ихтисоси забони олмонӣ хатм намудааст. Солҳои 1971–1976 ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ, 1976–1978 муовини декани факултети забонҳои хориҷӣ оид ба тарбия, 1978–1986 мудири кафедраи забони олмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1981–1984 аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Аз соли 1987 дотсенти кафедраи забони олмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1982–1990 ҳамчун котиби масъули шуъбаи душанбегии ҷамъияти дӯстии ИҶШС ва Ҷумҳурии Демократии Олмон, 1986–1995 декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 1993– 1994, 1995–1998 вазифаи мудири кафедраи забони олмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро ба уҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 13 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ ва дастурҳои таълимӣ аст. Дар масъалаҳои робитаҳои адабии Олмону Тоҷикистон корҳои илмӣ ба анҷом расонидааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2006) сарфароз карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 27 ноябр
- Зодагони соли 1953
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Номзадҳои улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон