Рухсатии таълимӣ
Рухсатии таълимӣ — кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, ба рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷойи кор ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраргардидаи қонунҳо ва дигар асноди меъёрӣ ҳақ доранд. Дар созишномаҳо, шартномаи коллективӣ ва дигар асноди меъёрии ҷузъии (локалии) корхонаҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағи корхонаҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд. Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ ё ҳамин хел омӯзишгоҳҳо мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва ба талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиҳонҳо омодагӣ ба дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷойи кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраргардидаи қонунҳо ва дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад. Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рӯзи аз кор озод ва музди миёнаи кор дода мешавад. Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи корӣ миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад. Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёна махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ё дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 399