Рӯзи Падар
Рӯзи Падар - дар аксарият давлатҳои дунё 19 июн (якшанбеи сеюми июн), хамчун Рӯзи Падар (Father's Day) ба муносибати падарон, ҷашн гирифта мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин ҷашн аввало дар Амрико пайдо шудааст. Зане бо номи Сонора Смарт Додд (Sonora Smart Dodd) соли 1909 дар вақти саҷдагузорӣ ба муносибати Рӯзи модар дар калисо, ба ёд овардааст, ки баъди вафоти модараш ӯ ва панҷ фарзанди дигарро дар оила падараш, Уилям Ҷексон Смарт тарбия карда калон кардааст. Сонора мехост, ки падараш аз қадру қиммат доштанаш дар назди ӯ ва қадрдониву муҳабаташ нисбати ӯ бохабар гардад. Сонора ба ҳукумати маҳаллӣ таклиф кард, ки чунин ҷашни нав ҷорӣ гардад ва ин ташаббуси Санора аз ҷониби онҳо дастгирӣ гардид. Кӯшиш карда буданд, ки ҷашни навро 5 июн дар рӯзи таваллуди Уилям Смарт гузаронанд, вале омода набуданд, бинобар ин 19 июн ҷашн барпо гардид. Дере нагузашта ҷашни Рӯзи Падар дар дигар иёлотҳои Амрико паҳн гардида бонуфуз гардид. Дар ин рӯз одатан дар оилаҳо ба падарон туҳфа медиҳанд ва ҷашни оилавӣ ташкил карда мешавад. Ҳамин тавр, Рӯзи Падар ҳамчун рамзи муҳаббату миннатдории духтар ба падараш ба миён омадааст. Баъд аз ИМА ин ҷашнро дар рӯзи якшанбеи сеюми июн дар Англия, Канада, Фаронса, Холланд, Чин, Ҷопун ва дигар мамолик ҷорӣ намудаанд.[1]