Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз ҷашнҳои асосии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр таҷлил мешавад.
6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.[1]
22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.[2] Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд.
6 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқарар шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 августи 2021.
- ↑ Раъйпурсии умумихалқӣ баргузоргардида ҳисобида шуд. 16 феврали 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 марти 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рӯзҳои Ид(пайванди дастнорас)