Рӯзи ҷаҳонии кӯдак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Рӯзи бачаҳо)
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
2010-06-01

Рӯзи ҷаҳонии кӯдак (англисӣ: Universal Children's Day, испанӣ: Día Universal del Niño , фаронсавӣ: Journée mondiale de l'enfance) — идест, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1954 (резолютсияи № 836 (IX)) қабул карда шудааст.

Таърих[вироиш]

Рӯзи ҷаҳонии кӯдак (англисӣ: Universal Children's Day, испанӣ: Día Universal del Niño , фаронсавӣ: Journée mondiale de l'enfance) — идест, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1954 (резолютсияи № 836 (IX)) ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз соли 1956 тавсия намудааст, ки бигузаронанд. Ид барои беҳдошти зисти кӯдакон, беҳтар намудани кори СММ барои кӯдакони ҷаҳон нигаронида шудааст.

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таклиф кардааст, иди «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» аз ҷониби давлатҳо дар рӯзу шакли муайянамудаи хеш гузаронида шавад.

Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар қарордодаш таклиф кардааст, ки ҷашнгирии умумии «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» бояд барои ҳамраъи ва ҳамкории байни миллатҳо хизмат расонад.

Дар ҳуҷҷатҳо расмии СММ рӯзи ид 20 ноябр муайян шудааст. Ҳамин рӯз соли 1959 «Декларатсияи ҳуқуқи кӯдак» ва соли 1989 — «Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак» қабул карда шудаанд.

Рӯзи 1 июн «Рӯзи ҷаҳонии кӯдак» мебошад ва ин ид аз давраҳои шӯравӣ хамчун анъана дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манбаъ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]