Jump to content

Рӯзи матбуоти тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рӯзи матбуот — ҷашни касбии рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар рӯзи 11 март таҷлил мешавад[1][2].

Ин ҷашн ба муносибати нашр гардидани аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои Шариф» дар таърихи 11 марти соли 1912 дар аморати Бухоро падид омадааст.

Марти соли 2012—100-солагии рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд.[3]