Рӯзи ҷаҳонии коргар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рӯзи ҷаҳонии коргар, Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон — дар 142 мамлакати ҷаҳон рӯзи 1 май, ҳафтаи аввали моҳи май ҷашн гирифта мешавад.

Якуми май дар Русия

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

1 майи соли 1886 ташкилотҳои сосиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА ва 1 май асосан намоишҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва роҳпаймойии коллективҳои меҳнатӣ баргузор дар пойтахтҳои ҷумҳуриҳои ИҶШС (инчунин дар ш. Душанбе) баргузор мегардид. 2 май, ки рузи истироҳат идгузаронии аҳолӣ бо хушу хурсандӣ берун аз шаҳр (маёвка) гузаронида мешуд. 1 майи соли 1886 ташкилотҳои сосиалистӣ, коммунистӣ ва анархистии ИМА ва Канада дар шаҳри Чикаго якчанд намоишҳои меҳнаткашонро ташкил намуданд. 4 май ҳангоми пароканда намудани намоишҳо аз ҷониби полис шаш нафар намоишчиён ҳалок гардиданд. Рӯзҳои дигар, дар задухурдҳои намоишчиён бо полис таркиши бомба ва тирпарронӣ рӯй дод, боз 8 наф. полис, 4 наф. коргарон кушта ва даҳҳо одамон захмӣ гаштанд. Дар таркиши бомба 4 наф. коргарони (анархистон) айбдор карда шуда бо ҳукми суд ба дор овехта шуданд (баъдтар ин айбнома исботи хешро наёфт). Ба хотираи қатлшудагон Конгресси Интернасионали II (июли с. 1889 дар Париж) рӯзи 1 май-ро — Рӯзи якдилии меҳнаткашон эълон карда коргаронро даъват намудааст, ки минбаъд дар ҳамин рӯз намошҳои оммавиашонро бо талабҳои иҷтимои дар мамлакатҳояшон гузаронанд.

Дар Русия баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917 иди номбурда дар ИҶШС ба иди расмии давлатӣ мубаддал гашта буд. Дар давраи «сосиализми мутараққӣ» дар ИҶШС, намоишҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС барои нишон додани иқтидори ҳарбии давлат ва намоишҳои коллективҳои меҳнатӣ бошанд бо шиорҳои «дастгирӣ намудани муборизаи миллӣ — озодихоҳӣ», «якдилӣ бо муборизаи инқилобии меҳнаткашон бар зидди капитализм» ва «муборизаи суботкорона баҳри сулҳ ва сохтани ҷамъияти коммунистӣ» баргузор мегардиданд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии коргарон аз ананаҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Вале намоишҳои оммавӣ ҳоло гузаронида намешаванд ва аз соли 1917 ҳамин руз, мувофиқи рӯзҳои ҳафта муқарар шудааст.

Истиқболи 1 май дар мамлакатҳои ҷаҳон[вироиш | вироиши манбаъ]

Иди 1 май ҳамчун иди расмии давлатӣ дар мамлакатҳои зерин қабул шудааст: Австрия, Албания, Аргентина, Арманистон, Аруба, Бангладеш, Беларус, Бельгия, Болгария, Боливия, Босния и Герцеговина, Бразилия, Венгрия, Венесуэла, Вьетнам, Гватемала, Германия, Греция, Гондурас, Гонконг, Ҷумҳурии Доминикан, Миср, Замбия, Зимбабве, Ҳиндустон, Иордания, Ироқ, Исландия, Испания, Италия, Камерун, Кения, Хитой, Колумбия, Коста-Рика, Кот-д’Ивуар, Куба, Латвия, Лубнон, Литва, Люксембург, Маврикий, Малайзия, Мальта, Марокко, Мексика, Молдова, Мьянма, Непал, Нигерия, Норвегия, Покистон, Панама, Парагвай, Перу, Польша, Португалия, Ҷумҳурии Гаити, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Македония, Федератсияи Русия, Румыния, Сальвадор, Сербия, Сингапур, Сирия, Словакия, Словения, Тоҷикистон,Таиланд, Туркия, Украина, Уругвай, Филиппин, Финляндия, Франсия, Хорватия, Чили, Чехия, Швеция, Шри-Ланка, Эквадор, Эстония,ҶАҶ, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]