Jump to content

Наҷот (рӯзнома)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Рӯзномаи «Наҷот»)

«Наҷот» (ар. نجات‎ — халосӣ, раҳоӣ, раҳоёбӣ) — ҳафтавор, нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (19902015).

«Наҷот» рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсӣ ба забони тоҷикӣ мебошад. Доир ба ҳодисаву воқеот ва масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мазҳабӣ нуқтаи назари хешро барои ҷомеаи муосири ҷумҳурӣ пешкаш мекунад. Нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Муассис ва ношир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. То манъи нашри ҳафтавор сармуҳарририи онро Ҳикматулло Сайфуллозода ба уҳда дошт ва дар нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 1 ба нашр мерасид.

«Наҷот» аввалин бор ба таври расмӣ ноябри 1990 аз чоп баромад. Қаблан «Ҳақиқати ислом» ном дошт, ки пинҳонӣ дар ҳаҷми ду саҳифа чоп мешуд (аз 1985 то 1990). Солҳои нооромиҳо дар ҷомеа «Наҷот» бо усули типографӣ чоп намешуд, зеро бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ манъ шуда буд. Роҳбарони ҲНИТ ва ҳайати эҷодии «Наҷот» ба кишварҳои ҳамсоя муҳоҷират карданд. Дар ин давра «Наҷот»-ро дар ҳаҷми 8 саҳифа дар шакли дастнавис паҳн менамуданд (асосан дар миёни фирориён дар Афғонистон). Нашрияҳои дигари ҷамъиятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатии ҲНИТ, аз ҷумла «Пайки пирӯзӣ», «Паёми муҳоҷир», «Садои муҳоҷир», «Ҷайҳун» ва ғайра бо усули типографӣ ба чоп мерасиданд. Августи 1999 баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъияти фаъолияти ҲНИТ-ро бекор кард. Сентябри 1999 шумораи аввали баъдиҷангии «Наҷот» дар ҳаҷми 8 саҳифа аз чоп баромад. Ҳоло «Наҷот» мунтазам ҳар ҳафта дар ҳаҷми 8 саҳифа чоп мешавад. Аз 22 апрели 2004 ба дар ҳаҷми 16 саҳифа ба надозаи А3 дар як ҳафта як маротиба бо теъдоди 4500 нусха (2014) ба табъ мерасид.

Манъи нашри «Наҷот»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо Қарори Суди Олӣ аз 29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) — террористӣ эътироф гардида, фаъолияти ҳизб қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуда, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва паҳн кардани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол, чопу нашри рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб манъ гардид[1].