Jump to content

Сабоҳии Бедгулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сабоҳии Бедгулӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Сабоҳии Бедгулӣ (форсӣ: صباحی بیدگلی‎; зод. Орон ва Бедгул) — шоири порсигӯи давраи Зиндия ва аз пешгомони сабки бозгашти адабӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сулаймон Сабоҳии Бедгулӣ, фарзанди Мулло Абдуллоҳодӣ, мутахаллис ба Сабоҳӣ, мутаваллиди шаҳри Орон ва Бедгул аст. Ҳеч яке аз манобеи муътабар аз соли таваллуд, кайфияти зиндагӣ, хонавода, макон ва мизони таҳсилот ва устодони ӯ хабаре надодаанд. Вай дар илмҳои нуҷум, риёзиёт, адабиёти форсӣ, физика ва арабӣ табаҳҳур доштааст.

Дар девони ӯ низ посухе бар ин пурсишҳо дида намешавад. Чунин менамояд, ки вай сахт дилбастаи зодгоҳаш буда ва ба ҷуз сафарҳое, ки ба Қум, Исфаҳон, Шероз ва Ҳиҷоз дошта, бештар солҳои умрашро дар зодгоҳаш сипарӣ кардааст. Дар замони Оқомуҳаммадхони Қоҷор ба далели ашъораш дар хусуси шоҳони Зиндия мавриди ғазаб ва танаффури ӯ буд. Лизо дар замони Фатҳалишоҳ бо воситаи қозӣ Муллоалӣ Оронӣ, ки аз шогирдони Муллоаҳмади Нароқӣ буд ва барои баҳс бо муллоҳои яҳудӣ ба Теҳрон рафта буд, ба дарбори Қоҷор роҳ ёфт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مسعودی آرانی، عبدالله (۱۳۹۲). دیوان حاج سلیمان صباحی بیدگلی. اسوه. شابک ۹۷۸-۹۶۴-۵۴۳-۳۹۶-۲