Jump to content

Садафакҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Садафакҳо
Unio pictorum
Unio pictorum
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Unio Philipsson, 1788

Садафакҳо (лот. Unio) — як ҷинси нармбаданҳои дутабақаи оби ширинро гӯянд, ки ба оилаи садафиҳо мансубанд,

Гӯшмоҳияшон аз ду табақаи дарозрӯя ё байзошакл (дарозиаш то 13,7 см), ки дар пеш дандонаҳои кӯтоҳ (2-тогӣ), дар ақиб дандоиаҳои дароз (1-то дар тарафи рост ва 2-ю дар тарафи чап) доранд, иборат аст. Дар қаъри обанборҳо бо ёрии пойҳои фонашакл ҳаракат мекунагд. Садафакҳо ҳайвони ҷудоҷинсаанд. Садафакҳои модина тухмҳои бордоршударо (миқдорашон то 400 ҳазор) дар ғалсомаашон гирифта мегарданд. Аз тухм кирмина — глохидия инкишоф меёбад.

Кирминаи садафакҳо дар ғалсама, шиноварҳо ва пӯсти моҳиҳо паразитӣ мекунад. Дар айни замон зиёда аз 60 намуду зернамудҳои Садафак дар Европа, Африка ва Осиё паҳн шудаанд. Дар СССР (аз рӯи маълумотҳои гуногун) аз 2 то 7 (дар Тоҷикистон 6) намуди садафакҳо маълуманд. Се намуди онҳо намояндаҳои ҷинси Sinanoaonta буда, аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ оварда шудаанд. Намудҳои боқимонда муқимӣ буда, ба ҷинси Anodonta мансубанд. Як намуди онҳо — бедандонаки бохтарӣ (A. bactriena) ба қатори ҳайвонҳои нодир ва барҳамхӯрандаи Тоҷикистон дохил мешавад. Гӯшти бедандопакҳоро хӯрдан мумкин аст. Гӯшмоҳии онҳоро чун иловаи оҳаки ба хӯроки паррандаҳои хонагӣ ҳамроҳ мекунанд. Аз гушмоҳиҳои калон-калон ва ғафси садафак тугма месозанд.