Садонокҳо
Зоҳир
(Тағйири масир аз Садонок)
Садонокҳо − овозҳое,ки танҳо аз садо иборат буда, дар натиҷаи бемонеа аз даҳон баромадани ҳаво ба вуҷуд меоянд, садонокҳо номида мешаванд: и, э, ӯ, а, у, о. Дар сохта шудани садонокҳои забони тоҷикӣ забон ва лабҳо иштирок мекунанд.Бинобар ин таснифи тавлидии садонокҳо дар асоси ҳамин ду узв сурат мегирад.Забон ба ду тараф ҳаракат мекунад:
- а) аз пеш ба қафо ё аз қафо ба пеш, яъне ҳаракати уфуқӣ;
- б) аз поён ба боло ё аз боло ба поён, яъне ҳаракати амудӣ.
Барои таснифи садонокҳо аз ҷиҳати ҳаракати уфуқии забон се нуқта: пеш, марказӣ (омехта) ва қафо ба назар гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин садонокҳои забони тоҷикӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- 1.Садонокҳои қатори пеш: и, э;
- 2.Садонокҳои қатори марказӣ (омехта): ӯ, а;
- 3.Садонокҳои қатори қафо: у,о.
Дар ҳаракати амудии забон се дараҷаи бардошт муҳим аст:
- а) бардошти поён: а;
- б) бардошти миёна: э, ӯ, о;
- в) бардошти боло: и, у.
Вобаста ба иштироки лабҳо садонокҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- а) лабӣ: у, ӯ, о;
- б) ғайрилабӣ: и,э,а.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985.-с.22