Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Саидалӣ Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саидалӣ Раҳимов
Саидали Раҳимов
Саидали Раҳимов
Таърихи таваллуд 8 декабри 1969(1969-12-08) (56 сол)
Зодгоҳ деҳаи деҳаи Панҷрӯд, Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Саидалӣ Раҳимов (Рахимов Саидали Холович; 8 декабри 1969, деҳаи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (2007), доктори илмҳои иқтисодӣ (2025).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саидалӣ Раҳимов 8 декабри соли 1969 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд шудааст. Солҳои 1977—1987 дар мактаби миёнаи № 27-и ноҳияи Панҷакент таҳсил намудааст. Солҳои 1988—1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат намудааст. Дар солҳои 1987—1993 дар факултаи баҳисобгирии иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, назорат ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ» хатм намудааст.

Соли 2007 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Идоракунии хароҷотҳо дар соҳаи хадамоти хоҷагидории меҳмонхонаҳо дар маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»[1] дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

Соли 2025 рисолаи докториро дар мавзӯи "Назария ва методологияи ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорат дар корхонаҳои сайёҳӣ" дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя намудааст.

  • 1993—1997 — муҳосиб, сармуҳосиби ҶС «Диловара»-и ноҳияи Панҷакент;
  • 1997—2008 — ассистент, муаллими калони кафедраи «Баҳисобгирии бухгалтерӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 1999—2008 — сармуҳосиби Ассотсиатсияи муҳосибон ва аудиторони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2008—2010 — дотсенти кафедраи «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит»-и Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон ;
  • 2010—2012 — мудири кафедраи «Ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудит»-и Донишкадаи молияи Тоҷикистон;
  • 2012—2014 — баъди муттаҳид шудани Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва таъсис додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит;
  • 2014—2016 — дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
  • 2016—2019 — дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
  • 2019—2025 — дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;

Аз 1 сентябри соли 2025 то ҳол дар вазифаи профессори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллиф ва ҳаммуаллифи 6 китоби дарсӣ, 10 васоити таълимӣ ва 3 монографияи илмӣ, инчунин муаллифи зиёда аз 180 номгӯи корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ-методӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 260 ҷузъи чопӣ мебошад.

Китобҳои дарсӣ
  • Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ. Китоби дарсӣ — Душанбе: «ЭР-граф», 2014, 260с.
  • Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит. Китоби дарсӣ — Душанбе: «Ирфон», 2016 — 332с.;