Саидбухорӣ Маҷидов
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 15 август 1952 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 31 июл 2014 (61 сол) |
Саидбухорӣ Маҷидов (15 августи 1952, ноҳияи Восеъ — 31 июли 2014, Душанбе) — арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1994)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм намуда, ба сифати маъмури Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ (1974—1975), роҳбари бадеӣ ва директори Хонаи маданият (1975—1978), мудири шӯъбаи фарҳанги ҳамин ноҳия (1978—1995), сардори идораи фарҳанги вилояти Хатлон (1995—2003), директори Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва сарвари ансамбли давлатии рақсии «Лола» (2003—2012), директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон (2012—2014) буд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидбухорӣ Маҷидов шоми 31 июли 2014 бар асари бемори дил дар шаҳри Душанбе даргузашт[2][3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Даргузашти собиқ роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон. asiaplustj.info. ASIA-Plus (1 августи 2014). 1 феврали 2024 санҷида шуд.
- ↑ Саидбухорӣ Маҷидов, раиси пешини Филҳормунии давлатии Тоҷикистон, даргузашт(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (1 августи 2014). 1 феврали 2024 санҷида шуд.