Саидҷаъфар Қодирӣ
Саидҷаъфар Қодирӣ | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 20 январи 1940 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 4 июни 2025 (85 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
Сайидҷаъфари Қодирӣ (20 январи 1940[1], ноҳияи Москва — 4 июни 2025, Душанбе) — физикдон ва омӯзгори тоҷик, номзади илмҳои техникӣ (1971), дотсент (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саидҷаъфар Қодирӣ 20 январи соли 1940 дар ноҳияи Москва ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи физикаи ДДТ (1962). Аспирантураи Пажўҳишгоҳи кӯҳшиносии Москва ба номи А. А. Скончинский (1970).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1962—1963 лаборант, 1963—1966 ассистент, 1966—1972 муаллими калон, 1973—1998 дотсенти ДДТ, солҳои 1998—2006 дотсенти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ буд. Аз соли 2006 дотсенти кафедраи ҳастаи атоми ДДМТ.
Соли 1971 дар мавзӯъи: «Ангехти фаъолсозонаи ҳастаҳои атомии баъзе унсурҳои кимиёӣ ва василаи вокуниши бо мақсад таҳлил кардани канданиҳои судманд» (роҳбари илмӣ-профессор Л. П. Старчик, ш. Москва) рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Риштаҳои асосии пажўҳиши Қодирӣ таҳлили фаъолсозонаи канданиҳои судманд, истилоҳоти илмӣ ва забони баёнҳои илмӣ буда, ҳадафи пажўҳишҳои ў бунёд сохтани забони баёнҳои илмӣ, осон гардонидани таълими физика, риёзиёт, нақшакашӣ мебошад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи беш аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хосиятҳои асосии ядроҳои устувор. — Д., 1981. — 140 с.
- Радиоактивият. — Д.: ТГУ, 1982. — 120 с.
- Моделҳои ядрои атом. — Д., 1985. — 93 c.
- Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. — Д.: Маориф, 1985. — 464 с.
- Бунёди физикаи ҳастаи атом. — Д.: Мариф, 1992. — 335 c.
- Абармарде дар роҳи илму фарҳанг. — Д., 2010. — 88 с.
- Муаллим. — Д.: Эр-граф, 2011. — 248 с.
- Физика: Китоби дарси барои синфи 7-ум. — Д.: Бебок, 2017. — 288 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Бибикубрия Қурбонова, Ҳусния Назарова. Муаллифи Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика 80-сола шуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (24 Январ 2020).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе, 2008. — С. 145—146.