Саид Ҳамроев
Саид Сергеевич Ҳамроев | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 1935 |
Зодгоҳ | Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1984 |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз (композитор) |
Саид Ҳамроев — оҳангсоз (композитор), узви Иттифоқи композиторони СССР.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Саид Сергеевич Ҳамроев(1935-1984) соли 1935 дар шаҳраки Ғиждувони вилояти Бухоро таваллуд шудааст. Ҳанӯз овони мактабӣ ӯ зуд-зуд ба клуби Комбинати шоҳибофии Душанбе ташриф меовард. Дар ин ҷо оркестри нафасии клуб бо садои мураттаби хеш ӯро ба худ ҷалб намуд. Дере нагузашта бо хоҳиши ҷавон ӯро ба коллектив қабул намуданд ва ӯ сарояндаи он гардид. Дар синни 16-солагӣ С.Ҳамроев Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дохил гардида, соли 1955 онро аз рӯи тахассуси кларнет бо баҳои «аъло» хатм менамояд. Солҳои хидмат дар сафи армияи Шӯравӣ дар оркестри ҳарбӣ аввалин таҷрибаҳои худро дар санъати композитсия анҷом медиҳад. Пас аз анҷоми хидмат С.Ҳамроев ба шуъбаи назариявӣ-композитории Омӯзишгоҳи мусиқӣ, аввал дар синфи М.Цветаев, сипас дар синфи Ю.ТерОсипов эҷоди мусиқиро меомӯзад. Баъдтар тӯли 10 сол дар Оркестри Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ кор мекунад. Ин давраро композитор ҳамчун «университетҳои худ» меҳисобид. Мусиқии С.Ҳамроев бо ҳаяҷон ва хурӯшонии худ ба шунаванда таассуроти фаромӯшнопазир мебахшад. Нахустин асари ӯ Консерт барои кларнет бо оркестр буд. Ҳангоми эҷоди ин асар муаллиф бо композитор М.Цветаев, ки ба эҷодиёти ӯ таъсири бузург расонидааст, ошноӣ пайдо мекунад. Ибтидои солҳои 60-ум вай якчанд асарҳои таъсирбахш эҷод мекунад. «Достони лирикӣ» барои кларнет ва фортепиано, прелюдияҳои фортепианӣ, романси «Самум» ба шеъри Рӯдакӣ, инчунин мусиқӣ ба намоишномаҳо ва бисёр дигар асарҳои гуногунжанр эҷод мегарданд. Театр ба С.Ҳамроев дар баробари малакаҳои амалии мусиқӣ, инчунин дониши қонунҳои саҳна ва фаҳмиши принсипҳои драматургияро дод. Дар композитор андешаи эҷоди асари операвӣ пайдо мешавад. Ӯро мавзӯъи таърихие, ки драматург А.Сидқӣ пешниҳод намуда буд, ба худ ҷалб мекунад. Либреттои операи оянда бо иштироки бевоситаи композитор таҳия гардид, ки он асосан пешакӣ арзиши драматургии асари мазкурро муайян намуд. Сюжети операи «Шерак» корномаҳои гузаштаи халқи тоҷикро, ки истиқлоли хешро аз истилогарони аҷнабӣ муҳофизат менамуд, инъикос менамояд. Дар маркази ҳаводис – тақдири қаҳрамони халқ Шерак, ки бо қиммати ҷон мардумро аз асорати аҷнабиён озод намуд, ҷой гирифтааст. Ӯ душманонро фиреб дода, бо роҳи ғалаба ба биёбони сӯзон мебарад. Истилогарон қаҳрамонро қатл мекунанд, вале худашон низ нобуд мегарданд. Ин операи қаҳрамонӣ ду симои баробарҳуқуқ ва асосӣ до- рад – Шерак ва халқ. Аз ин рӯ дар опера хор мавқеи асосиро дорост. Дар тӯли тамоми намоишнома он дар ҷараёни вусъати ҳаводиси драмавӣ ширкати фаъолона дорад. Амалиёт бо порчаҳои калонҳаҷм вусъат меёбанд. Муаллиф дидаву дониста номераҳои «сунъӣ»-ро сарфи назар намудааст. Барои вусъати пайвастаи амалиёт саҳнаҳои барҷастаи балет аҳамияти муҳим доранд. Забони опера дорои хусусиятҳои муҳташамӣ буда, ҳамзамон он хеле таъсирнок ва аксаран лирикӣ мебошад. Дар мусиқии «Шерак» хусусияти инфиродии истеъдоди С.Ҳамроев нисбатан мукаммал таҷассум гардидааст. Асар бо дасти дилпуронаи соҳибкасбе эҷод гардидааст, ки тобишҳои пурғановати оркести симфониро дақиқ истифода бурда, дорои маҳорати хорнависӣ, донишманди нозукиҳои санъати вокалӣ мебошад. Нахустнамоиши опера дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Намоишномаро аҳли мусиқии ҷумҳурӣ бо самимият пазируфта, тавассути матбуот бо тақризҳои зиёди мусбӣ арзёбӣ гардид. Аз асарҳое, ки баъд аз операи «Шерак» эҷод шудаанд, достони вокалӣ-симфонии «Суруди вопасин» ба шеъри Лоик, ба фарзанди шуҳратманди халқи тоҷик И.Ҳамзаалиев, ки дар муҳориба баҳри озодии Ватани мо ҳалок гардидааст, бахшида шудааст (1970, таҳрири дуюм дар соли 1974). Аз лиҳози савт бағоят пуртаъсир ва хушобуранг достони симфонии «Ҷавонӣ», ба шумор меравад, ки бо оҳанги лирикӣ ва шавқовар тасхиркунанда аст. Дар роҳи эҷодии С.Ҳамроев балети «Бежан ва Манижа», ки соли 1975 эҷод шудааст, марҳилаи муҳим гардид. Ин асар (либреттои С.Бону) дар асоси яке аз достонҳои романтикии «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ навишта шудааст. Мусиқии балет зебоӣ ва латофати ҳиссиёти баланд, бузургии ахлоқи инсонро талқин менамояд. Аз бисёр ҷузъиёти жанр даст кашида, муаллиф ба рушди босуръати асар ноил гардидааст. Вусъати ягонаи мусиқӣ-симфонӣ арзиши асарро зиёдтар гардонидааст. Таҷрибаи дигари рӯ овар- дани С.Ҳамроев ба ин жанр – балети «Ҷавонӣ» дар ҳамкорӣ бо Ю.Тер-Осипов мебошад, ки он соли 1981 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба саҳна гузошта шуд. Композитор робитаҳои эҷодиро бо саҳнаи драмавӣ минбаъд ҳам нигоҳ медорад. Ӯ барои як қатор намоишномаҳои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С. Пушкин (ҳоло – ба номи Камоли Хуҷандӣ) мусиқӣ эҷод намудааст. Барои кинофилмҳои «Духтари сеюм», «Вақте ки осиёб боз- монд», «Дӯсти ман Сайид», «Шикори охирин» ва диг. ба масъулия- ти баланди эҷодӣ мусиқӣ офарида шудааст. С.Ҳамроев чандин сол ба ҳайси дирижёри оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радио кор мекунад. Хусусиятҳои ин коллективро хуб дониста ӯ барои он хеле асарҳои ҷолиб, аз ҷумла, Консерт, пйесаҳои сершумор барои созҳои якка бо оркестр менависад. Доираи жанрии эҷодиёти композитор басо васеъ – аз асарҳои калонҳаҷми савти гражданӣ то сурудҳои дилнишин ва оддии бачагона мебошад. Вале муаллиф дар ҳама ҳолат миллӣ, самимӣ ва демократӣ мебошад. Истеъдоди хушоҳангии ӯ бо касби- ят ва ғоянокии мавзӯӣ тақвиятёфта барои ӯ имкониятҳои васеъро боз намуданд. С.Ҳамроев ба эҷоди қасида барои хори омехта бо оркестри симфонӣ ба шеъри Лоик «Меҳвари дунё» шурӯъ менамо- яд. Ин корро ӯ ба итмом расонида натавонист. Ҳаёти композитори боистеъдод нобаҳангом канда гардид.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳои саҳнавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1969 – «Шерак», опера. Либреттои А.Сидқӣ.
- 1975 – «Бежан ва Манижа», балет. Либреттои С.Бону.
- 1981 – «Ҷавонӣ», балет. Ҳаммуаллиф Ю.Тер-Осипов. Либреттои
- С. Азаматова.
- Консерт барои Оркестри созҳои халқӣ
- Фантазия барои най ва оркестр
- "Суруши Сталинград", ораторияи симфонӣ
- "Маъвои шарқ", баллада барои овоз ва фортепиано
- "Хотираи Аҳмади Дониш", достони симфонӣ
- "Меҳвари дунё", ода барои хор ва оркестри симфонӣ, шеър аз Лоиқ
- "Достони лирикӣ", барои кларнет ва фортепиано
- "Манзараи хореографӣ" барои оркестри симфонӣ
- "Самум", романс бар ашъори Абӯабдулло Рудакӣ
- "Муаллими ишқ", барои намоиши театрӣ
- "Фармони Кадушоҳ", барои намоиши театрӣ
- "Алломаи Адҳам", барои намоиши театрӣ
Асарҳои симфонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Увертюраи табрикӣ» барои оркестри симфонӣ.
- «Мусиқӣ ба хотираи Аҳмади Дониш» барои оркестри симфонӣ.
- «Манзараҳои хореографӣ», сюита барои оркестри симфонӣ.
Асарҳои созӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Консерт барои кларнет бо оркестр.
- Консерт барои оркестри созҳои миллӣ.
- «Достони лирикӣ» барои кларнет ва фортепиано.
- «Фантазияи шарқӣ» барои оркестри созҳои миллӣ.
- «Сюитаи рақсӣ» барои оркестри эстрадӣ.
- "Малика", тасниф барои ғижжак
- "Лола", тасниф барои чанг
- "Рақси ҳиндӣ", тасниф барои рубоб
- "Сози ишқ"
- "Танбӯри дилкаш"
- "Рақси шарқӣ"
- "Фантазияи шарқӣ"
Асарҳои вокалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1960 – «Самум», шеъри Рӯдакӣ. Романс.
- 1970 – «Суруди вопасин», шеъри Лоик, достони вокалӣ-
- симфонӣ.
- 1984 – «Меҳвари дунё», шеъри Лоик, қасида барои хори омехта
- ва оркестри симфонӣ.
- "Мӯи тилоранг", шеър аз А.Шукуҳӣ
- "Сози туро", шеър аз Туғрал
- "Духтари самарқандӣ", шеър аз М.Фарҳат
- "Баҳор омад", шеър аз Амирӣ
- "Азиз Москваи ман", шеър аз Б.Раҳимзода
- "Русияи ман", шеър аз Б.Раҳимзода
- "Таронаи занон", шеър аз Ф.Ансорӣ
- "Иттифоқи советӣ", шеър аз С.Султон
- "Нигоро бе ту чашмам чашмасор аст", шеър аз Робияи Балхӣ
- "Бар умеди ман", шеър аз Н.Бақозода
- "Ҷавонон", шеър аз Ҳ.Назаров
- "Даврони ман даврони тобон", шеър аз Ф.Ансорӣ
- "Шодон дилакам", шеър аз М.Миршакар
- "Марҳамат ба кишвари мо, шеър аз А.Сидқӣ
- "Ғам махӯр", шеър аз К.Хуҷандӣ
- "Гули баҳори ман", шеър аз Ф.Ансорӣ
- "Гули бодом", шеър аз А.Сидқӣ
- "Сози ишқ", шеър аз А.Сидқӣ
Мусиқӣ ба филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Духтари сеюм», коргардон А.Тураев.
- «Дӯсти ман Саид»
- «Шикори охирин».
- "Завқи ҷавонӣ"
- "Об аз куҷо меояд"
- "Вақте ки осиёб боз монд"
- "Одам таваллуд шуд"
- "Кӯҳи уқобҳо"
- "Шинос шавед, Лола"
- "Абрешими нуқрагин"
- Сурудҳо, романсҳо, пйесаҳои созӣ, асарҳо барои бачаҳо.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 240-243