Jump to content

Сайлигул Назарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сайлигул Назарова (тав. 1.05.1930, шаҳри Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1969), дотсент (1973).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1953 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳои 1953–1954 дар курсҳои яксолаи муаллимони фанҳои ҷамъиятӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таҳсил кардааст. Солҳои 1954–1957 муаллими калони кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1957–1974 муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ, 1974–1987 мудири кафедраи коммунизми илмӣ буд. Аз соли 1987 ба нафақа баромада, фаъолияти омӯзгориашро давом дод. Муаллифи якчанд рисола ва мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои тарбияи коммунистии деҳқонони колхозӣ, занони Осиёи Миёна дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ шудаанд. Бо ордени «Дӯстии Халқҳо», нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  • Культура и быт села, Д., 1969;
  • Коммунистическое воспитание колхозного крестьянства, Д., 1972;
  • Женщины Средней Азии в годы Великой Отечественной войны, Д., 1980.