Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Салоҳуддини Заркӯб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салоҳуддини Заркӯб
Иттилооти инфиродӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1258[1][2]
Вироиши Викидода

Шайх Салоҳуддин Фаридуни Заркӯб (форсӣ: صلاح‌الدین زرکوب‎; Қуния1258[1][2]) — сӯфӣ, ориф, нависанда, котиб ва донишманди форс-тоҷик, шогирди Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, устод ва дӯсти Ҷалолуддини Балхӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бозори Қуния ба заркӯбӣ машғул буд. Дар ҷавонӣ муриди Бурҳони Муҳаққиқ шуд. Ахирӣ дар васфи вай ва Мавлоно гуфтааст, ки ҳоли худро ба Заркӯб ва қолашро ба Мавлоно бахшидааст. Мавлоно, пас аз он ки Шамси Табрезӣ Қунияро тарк кард ва ӯ аз бозгашти Шамс навмед шуд, шахсияти вайро дар Заркӯб бозёфт. Заркӯб бесавод буд, чунонки «хум»-ро «хунб» ва «мубтало»-ро «муфтало» талаффуз мекард. Мавлоно барои изҳори ниҳояти иродаташ ба ӯ ин вожагонро ба ҳамон сурати омиёна ба кор мебурд. Мавлоно Заркӯбро ба халифагии худ мансуб намуда, ёронро ба итоати ӯ амр кард, вале муридон аз фармони вай сар печида, ба Заркӯб душманӣ варзиданд. Заркӯб 10 сол, то дами марг халифаи Мавлоно буд. Мавлоно, ки пас аз марги Шамси Табрезӣ дигар ваъз намегуфт, боре бо дархости Заркӯб мавъиза кард. Маҷолиси «Фиҳи мо фиҳи» ҳам дар давраи суҳбати Мавлоно бо вай оғоз шудааст.

Мавлоно дар «Мактубот»-и худ Заркӯб-ро «фарзанди ҷон» ва «Дили Саййид Бурҳонуддин ал-Муҳаққиқ ва халифаи ӯ», «Шайху-л-машоих», «Валиюллоҳи фи-л-арз», «Абоязиди-л-вақт», «Қутбу-з-замон» ва ғ. хондааст. Ӯ мегуфт: «Чун вуҷуди мубораки Шайх Салоҳуддин дар миёни мо ҳозир аст, нури Ҷунайду Боязид ва ҳатто чизе афзунтар бо мост». Дилбастагии Мавлоно ба Заркӯб то ҳадде буд, ки духтари ӯ Фотима-хотунро ба ақди писари худ Султонвалад даровард. Заркӯб қабл аз вафот ранҷур шуд ва Мавлоно дар номае саршор аз рақиқтарин эҳсосот ниҳояти дилбастагии худро ба ӯ иброз намуд. Заркӯб васият карда буд, ки ӯро самоъкунон ва дастафшон ба хок бисупоранд. Мавлоно тибқи васияти Заркӯб ҳангоми гусели ҷанозаи ӯ самоъ кард. Заркӯб-ро дар канори падари Мавлоно – Баҳоуддинвалад дафн карданд. Мавлоно дар «Девони Шамс» дар беш аз 70 ғазал аз Заркӯб ёд карда, марсияе дар фавти ӯ бо ин матлаъ сурудааст:

Эй, зи ҳиҷрону фироқат осмон бигриста,
Дар миёни хун нишаста, ақлу ҷон бигриста!