Каломии Лорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Салоҳуддин Муҳаммади Лорӣ)
Каломии Лорӣ

Садруддин Муҳаммад ибни Салоҳуддин Каломии Лорӣ (? — 1569, Дакан) — донишманд ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз мардуми Лор буда, дар зодгоҳаш илмҳои расмии давр, аз чумла дар назди Мир Ғиёсуддини Мансури Шерозӣ (ваф. 1542) риёзиётро омӯхтааст. Пас ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати Ҳумоюн (ҳукмр. 1530—1539) дохил шуд. Аз он ҷо ба Ҳиҷоз сафар кард, вале киштӣ ба тӯфон дучор омад ва Каломии Лорӣ бо чанд азоб ба Истанбул афтод. Дар Истанбул хидмати дарбори ҳукмрони шаҳрро ба уҳда гирифт.

Мероси адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Каломии Лорӣ мероси адабии манзуму мансур мондааст. Осори манзуми ӯ асосан аз қасоиду ғазалиёт иборат аст, ки дар мавзуъҳои ишқ, панду ахлоқ, мадҳ ва ғайра суруда шудаанд. Ба ашъори ӯ шоирони машҳури давраш — Ҳаким Шифоии Исфаҳонӣ, Урфии Шерозӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд.

Ин абёт аз ӯст:

Чи сабзаест, аз он рӯи оташин бархост,
Кӣ дида сабза аз оташ, ки инчунин бархост?
Кадом мох ба шакли ту дилафрӯз омад?
Кадом сарв мисли ту нозанин бархост?
Шаби фироқи ту аз хуни дидаам доман
Чунон пур аст, ки натвонам аз замин бархост.
Ба ростӣ чу қади дилкаши ту номгирифт,
Нишони ростӣ аз сарви ростин бархост.
Ба хоки роҳи ту дар орзуи дидорам,
Нишаст шод Каломӣ, вале ҳазин бархост.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]