Jump to content

Ҷумъабой Азизқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумъабой Азизқулов
Ҷумъабой Азизқулов
Таърихи таваллуд 10 июн 1934(1934-06-10)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 август 2021(2021-08-13) (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология[d]

Ҷумъабой Азизқулов (10 июн 1934, Панҷрӯд, вилояти Суғд13 август 2021, Душанбе) — пажӯҳишгар, тарҷумон ва донишноманависи тоҷик, номзади илмҳои филология. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумъабой Азизқулов 10 июни соли 1934 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Баъдан ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, муҳаррир, мудири шуъба, котиби масъул, муовини сармуҳаррир ва сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик будааст. Соли 1974 «дар мавзӯи „Синдбоднома“-и Заҳирии Самарқандӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.

Намунаҳои осори Саъдӣ, Савдо, Айнӣ, Лоҳутӣ, Ҳамдӣ ва дигаронро таҳқиқ ва барои чоп омода сохтааст. «Пандномаи Синдбод» (1963), «Гулзори ҳикмат» (1966), «Китоби Ҳаким Синдбод» (1979, 2012) дар таҳия ва таҳқиқу тавзеҳи ӯ ба чоп расидаанд. Чандин мақолаи Энсиклопедияи советии тоҷик ва маҷмӯаи мақолаҳои «Андӯхти рӯзгор» (2014) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Қиссаву романҳои В. Шукшин «Суҳбати маҳтобшаб» (1981), А. Олимҷонов «Пайкони Маҳамбет» (1984), «Корвон меравад сӯйи Офтоб» (1966, ҳамроҳи Ҳ. Аҳрорӣ), А. Дюма «Се мушкетдор» ва «Граф Монте-Кристо», асарҳои алоҳидаи О. Гончар, И. Авиҷюс («Бехонумон»), Н. Нерсесян («Рустаму Дилоро»), Я. Гашек («Саргузашти сарбози чолок Швейк»), О. Генри, Р. Такур, А. Аббос, Т. Ҷумъагелдиев, В. Латсис ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд филми ҳунарӣ низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Ҷумъабой Азизқулов шоми 13 августи 2021 дар синни 87 дар шаҳри Душанбе даргузашт[1].

  • Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон. [2]
  1. Даргузашти адабиётшиноси шинохтаи тоҷик: видоъ дар Душанбе(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (14 августи 2021). 6 марти 2024 санҷида шуд.
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.29-30 ISBN 978-99947-2-379-9