Самовор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Самовари «Дулей гравированный»

Самовор, самовар (аз русии сам — худ ва вар — ҷӯш) — зарфест барои ҷӯшонидани об.

Иборат аз тана (обдон), сарпӯш, кампирак, нӯл, ду даста ва поя. Асосан аз мис ва руҳ месозанд. Ду хели самовор маъмул аст: аловӣ ва электрӣ, ки шаклан фарқ надоранд. Самоворҳо ҳастанд, ки 0,5 л ва аз 40 то 80 л об мебарад. Самовори аловӣ ва электрӣ.

Пеш дар Осиёи Миёна аз чойҷӯшҳои калони аловӣ истифода мебурданд. Сонӣ дар байни мисгарони мазаллӣ мисли самовори русӣ аз мис самовор сохтан расм шуд. Самовор ба Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри 19 оварда шуд. Аввалин устохонаҳои самоворсозӣ охири асри 18 дар шаҳри Тула сохта шуда буданд. Сонитар дар Петербург, Урал ва дигар ҷойҳо устохонаҳо пайдо шуданд. Ҳозир дар аксарияти шаҳрҳои мамлакатамон корхонаҳои самоворсозӣ ҳаст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.