Jump to content

Сандалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сандалӣ дар Эрон, ки ҳамчун курсӣ маъруф аст

Сандалӣ — воситаи гармшавӣ, чорпояест, ки фасли зимистон ба рӯи алавдон мегузоранду ба атрофаш мешинанд.

Сандалӣ дар байни мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикон аз асрҳои миёна маълум буд. Он шаклан мураббаъ (70X70см) буда, 60—70 сантиметр баландӣ дорад. Дар қисми поёнии пояҳои сандалӣ барои пойҳоро гузошта нишастан, тахтачаҳоро ба шакли чиллик мустаҳкам мекунанд, ки онро «гурбадавак» меноманд.

Дар баъзе ноҳияҳо ба қисми болоии пояҳои сандалӣ тахтачаҳоро тарзе пайваст мекунанд, ки барои зарфи хӯрокдор гузоштан мувофиқ буда, «ошмонак» ном дорад. Ба алавдон хока ва лахчаи ангишт ё ҳезум мегузоранд. Ба суфачаҳои алавдон оташкоб, оташгирак, кӯза, чойҷӯш, чойники об гузоштан мумкин аст. Ба болои сандалӣ кӯрпа партофта пойҳои худро ба даруни он дароз карда, дар атрофаш бо либоси гарм мешинанд. Сандалӣ дар айни ҳол вазифаи мизро низ адо мекунад; ба болояш дастархон густурда таом мехӯранд. Дар чор тарафи кодокҳои Сандалӣ хобидан мумкин аст. Сандалӣ дар деҳоти Тоҷикистону Узбакистон қисман боқӣ мондааст.

  • Ершов Н. Н. ва дигарон. Культура и быт таджикского колхозного крестьянства, М., 1954.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.