Jump to content

Шайх Яъқуби Сарфӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сарфии Кашмирӣ)
Шайх Яъқуби Сарфӣ
Таърихи таваллуд: 1502
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 июл 1595(1595-07-20)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: сӯфӣ, олим, нависанда, пажӯҳишгар, шоир

Шайх Яъқуби Сарфии Кашмирӣ (форсӣ: شیخ یعقوب صوفی کشمیری‎; 1502, Кашмир20 июл 1595, Кашмир) — сӯфӣ, олим, нависанда, пажӯҳишгар ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар назди падараш Шайх Ҳасани Осимӣ да уламои машҳури давр таҳсил кардааст. Баъд ба мамлакатҳои зиёд мусофират намуда, бо бузургони илму адаб, пешвоёни дину тариқат вохӯрдааст. Ӯро яке аз уламои машҳури замони худ, халифаи Шайх Ҳусайни Хоразмӣ (вафоташ 1549) медонанд. Бино ба маълумоти маъхазҳо Сарфии Кашмирӣ аз синии 7-солагӣ шеър гуфтааст ва падараш дар ин кор мададгори ӯ будааст.

Сарфии Кашмирӣ асарҳои зиёди бадеӣ ва илмию динӣ дорад, ки чанде аз онҳо то ба мо расидаанд. «Хамса» («Панҷ ганҷ»)-и Сарфии Кашмирӣ аз маснавиҳои «Маслаку-л-ахёр» (дар ҷавоби «Махзану-л-асрор»-и Низомӣ), «Вомиқу Азро», «Лайливу Маҷнун», «Мағозиу-н-набӣ» ва «Мақомоти пир» иборат аст. Асарҳои дигари Сарфии Кашмирӣ девони ғазалиёт ва қасоид, маҷмӯаи рубоиёт, рисолаҳо ва муаммиёт, асарҳои ирфонии «Маносики ҳаҷ» шарҳҳо, ҳошияҳо, тафсири Қуръон (нотамом) ва ғайра мебошанд.

  • Сарфии Кашмирӣ / С. Асадуллоев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).