Сарҷумла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сарҷумла — қисми асосии предикативии ҷумлаи мураккаби тобеъ аст, ки мазмуну моҳияти онро дар бар мегирад. Сарҷумла бо қисми дигари ҷумлаи мураккаби тобеъ — ҷумлаи пайрав, ки ба сарҷумла тобеъ буда, аз ҳар ҷиҳат онро эзоҳ медиҳад, як воҳиди кулли нутқ — воситаи мураккаби ахборро ташкил мекунад. Мас.: Домони уфуқ дар тарафи Когон сафедча тофта, лаппида меистод, гӯё ки дар он сӯ сӯхтори калоне давом карда истода бошад. (Ҷ. Икромӣ).