Сатрап

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сатрапҳои шоҳаншоҳи хаҳоманишӣ

Сатрап (аз форсии қадим х ш а т р а п а в а н — ҳокими вилоят), сардори сатрапия. Ба корҳои расмию маъмурии сатрапия сарварӣ карда, андозҳоро сари вақт ҷамъ менамуд ва ба хазина месупорид. Сатрап инчунин аҳолиро дар сохтмонҳо маҷбуран кор мефармуд ва ба номи худ сикка задани пули мису нуқра ҳуқуқ дошт.