Jump to content

Саъдуддин Масъуди Давлатёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъдуддин Масъуди Давлатёр
Навъи фаъолият: шоир

Саъдуддин Масъуд Давлатёри Бухороӣ (форсӣ: سعدالدین مسعود دولتیار بخارایی[1]) — шоири форс-тоҷики қарни XII, надими дарбори Хоразмшоҳиён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай гарчи дар хонаводҳ‏ои зартуштӣ мутаваллид шуд, аммо зуд ислом овард. Саъдуддин аз маволии хонадони Оли Бурҳон буд ва дар Бухоро ми‏зист ва бузургони он сомон бо вай муошират доштанд. Дилтёр дар сурудани ашъори латифу хуб маҳорат дошт.

Аз ӯ аст:

Бар кас зи вафо чу май рақам натавон зад,
З-ин пас ба раҳи меҳр қадам натавон зад.
Ҷуз оина рӯйи ҳамдаме натавон дид,
З-он низ чи фоида, ки дам натавон зад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. سعدالدین مسعود دولتیار بخارایی. rasekhoon.net. 16 феврали 2024 санҷида шуд.