Jump to content

Баҳром Саққои Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Саққои Бухороӣ)
Баҳром Саққои Бухороӣ
форсӣ: بهرام سقای بخاری
Тахаллусҳо: Саққо
Зодгоҳ: Бухоро
Таърихи даргузашт: 1563(1563)
Маҳалли даргузашт: Ҳиндустон
Навъи фаъолият: шоир, ориф
Забони осор: форсӣ, туркӣ ва урду

Баҳром Саққои Бухороӣ (форсӣ: بهرام سقای بخاری‎, ?, Бухоро — 1563, деҳаи Бардавони ноҳияи Арисаи Ҳиндустон) — шоир ва орифи форсизабон. Ба забонҳои форсӣ, туркӣ ва урду шеър гуфтааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саққо аз муридони шайх Ҳоҷӣ Муҳаммади Хабушонист. Дар Бухоро ба камол расида, аввал ҳамчун сипоҳӣ дар дарбори бозмондагони сулолаи темуриён хидмат мекунад. Сипас ба Ҳирот меравад. Мирзо Комрони писари Бобур идораи умури шаҳрҳои Шардиз, Нағар, Бангаш, Ғурбанд, Заҳҳок ва Бомиёнро ба Саққо супурдааст. Аммо дар мавзеи Озинбанди Кобул ӯро ҳолати ҷазба фаро гирифта, ба таҳаввулоти рӯҳӣ дучор гашт. Баъди ин навкариро тарк гуфта, либоси дарвешӣ ба бар намуд ва саққоӣ (машкобӣ)-ро ихтиёр кард. Тахаллусаш аз ҳамин ҷост.

Ӯ дар ҳолатҳои ҷазба ва ваҷди ирфонӣ бо шӯру шавқ шеър мегуфт. Ба Бухоро баргашта, баъди муддате зистан, соли 1558 ба Лоҳур ва аз он ҷо ба Деҳлӣ (1559) рафта, дар чиллахонаи Шайх Низомуддини Авлиё истиқомат кардааст. Баъди як сол бо бародари кӯчакаш Боязиди Баёт (муаллифи тазкираи «Ҳумоюну Акбар») ба Агра (Акбаробод) рафта, дар дарвозаи қалъаи Деҳлӣ саққохона сохт ва ба саққоӣ машғул шуд. Ба омӯзиши адабиёти суфия рӯй оварда, чун шоири мутасаввиф машҳур гардид. Иддае аз мардум ба ӯ ихлос намуданд ва дар пайравиаш ба саққоӣ пардохтанд. Саққо дар ибтидо бехабар аз ҳунари шеъру шоирӣ ва ҳатто, маҳрум аз таҳсили илм будааст. Ногаҳон, соли 1546 ба ашъори Шоҳ Қосими Анвори Табрезӣ таваҷҷуҳ намуда, тадриҷан шоир шуда, дар байни омма эътибори калон пайдо кардааст. Ҳар гоҳе Акбаршоҳ (ҳукмр. 1556—1605) ва мулозимонаш аз назди саққохонаи ӯ мегузаштанд, ба ашъораш гӯш медоданд. Акбаршоҳ ба ӯ эҳтиром гузошта, ба ӯву пайравонаш барои маҷлиси самоъ оростан ва пешбурди кори машкобӣ маош муқаррар карда буд. Ҳатто барои харҷи роҳи ҳаҷ ва зиёрати Каъба ба ӯ ёрии молиявӣ расондааст. Саққо камоли иззату ҳурмат дида, барои бурдани туҳфаҳои Акбаршоҳ, ки ҳар сол тавассути корвони ҳоҷиёни Ҳиндустон ба шоҳони Маккаву Мадина фиристода мешуд, ҳамроҳ шуда, шаҳрҳои Батҳо, Шом, Миср, Бағдод ва ғ-ро зиёрат кардааст. Ба қавли Аҳмад Гулчини Маонӣ (дар китоби «Ойинаи мерос») Саққо дар роҳи сафар аз Ҳинд ба Сарандеб вафот кардааст. Мазори вай дар мавзеи Бардавони ноҳияи Ариса дар сари роҳи Бангола ва Сарандеб вокеъ гашта, зиёратгоҳи мардум аст.

Аз рӯйи маълумоти китоби «Мунтахаб-ут-таворих»-и Абдулқодири Бадоюнӣ, Саққо чанд девон дошт, аммо ҳар гоҳ, ки бехуд мешуд, ашъори худро мешуст. Бо вуҷуди ин аз мероси адабияш девоне ба забони форсии тоҷикӣ, иборат аз сӣ ҳазор байт, дар анвои гуногуни адабӣ — ғазалиёт, мухаммасот, қитъаҳои таърихӣ, рубоиёт, тарҷеъбанд, қасида, маснавӣ ва мутафарриқот боқист, ки дар пайравии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Шоҳ Қосими Анвор эҷод шудаанд. Инчунин ӯ манзумаҳое дорад, ки дар онҳо аз ҳунари ҳалвогарӣ, одоби хаймадӯзӣ сухан меравад. Аз Саққо инчунин «Муғаннинома» то замони мо расидааст. Ӯ дар ашъораш худро бандаи машоихи пешин — Солори Масъуд, Шайх Алии Лоло, Мир Саййидалии Ҳамадонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ меномад. Саййид Наҷмуддини Кобулиро «Хизри роҳ»-и худ зикр карда, пайрави тариқати нақшбандия будааст. Нусхаҳои хаттии осори ӯ дар китобхонаҳои Покистону Ҳиндустон нигаҳдорӣ мешаванд. Як нусхаи девонаш дар Ганҷинаи мероси хаттии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ АИ ҶТ зери шумораи 2265 маҳфуз аст. Намунае аз ашъори Саққо:

Асоси порсоиро шикастам, то чӣ пеш ояд,
Сари бозори расвоӣ нишастам, то чӣ пеш ояд.
Ба тарсозодае дил додаам, сарриштаи дин ҳам,
Дар ин пиронасар зуннор бастам, то чӣ пеш ояд.
Гаҳе аҳли ибодат мешуморандам, гаҳе фосиқ,
Ба ҳар тавре ки мегӯянд, ҳастам, то чӣ пеш ояд.
Ба худ ҳаргиз напӯшидам либоси тавбаву тақво,
Гиребончок ринди майпарастам, то чӣ пеш ояд.
Ба рағми меҳнатат бо соқии гулчеҳрае, Саққо,
Сабӯ бар дӯшу ҷоми май ба дастам, то чӣ пеш ояд.

  • . دیوان سقایی بخارای. دهلی نو، ۲۰۱۰
  • بایزید بیاتی. همایون و اکبر. کلکته، ۱۹۴۱؛
  • عبدالقادر بدایونی. منتخب التواریخ. کلکته، ۱۹۶۹؛
  • علامی دهلوی. شیخ ابوالفضل بن مبارک. آئین اکبری. هند، ۱۸۹۴