Jump to content

Светлана Шамгунова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Светлана Шамгунова

Шамгунова Светлана Гареевна (19 сентябри 1941, Ирбит, вилояти Свердловск) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1987), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Студияи театрии шаҳри Лиепаи Латвияро соли 1965 ба итмом расонда, аз соли 1972 актрисаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский мебошад. Дар саҳнаи он қариб 80 нақш бозидааст, хусусан образҳои лирикиро ба дараҷаи баланд иҷро менамояд. «Қиссаи Бибизайнаб», «Дар қаър», «Интихоб», «Се хоҳарон», «Об-рӯшноӣ», «Тартюф», «Ҷанҷол», «Пул барои Мария», «Мазҳакаи кӯҳна», «Мерос», «Ҷои сердаромад», «Ҳукми ҷаҳолат», «Хонадоршавӣ», «Қаториҳо» аз зумраи спектаклҳоанд, ки номрафта дар онҳо нақши марказӣ офаридааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.