Jump to content

Чароғи роҳнамо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Светофор)
Чароғи роҳнамо

Чароғи роҳнамо, ё чароғаки роҳнамо, ё чароғи роҳнамоӣ (русӣ: светофор) — як васила ё намоди роҳнамоӣ ва ронандагӣ аст. Ин чироғ дар буриши ҷодаҳо, чорроҳаҳо, пиёдаравҳо, вурудӣ ва хурӯҷии гузаргоҳҳо ва бархе маконҳои дигар насб мешавад ва ҷараёни омадурафтро ҳидоят мекунад. Ин васила ҳаққи убурро ба кумаки се ранги нурии стандарт (сурх, зард, сабз) мушаххас месозад.